Набудани рақобат сабаби болравии нархи газ шуд

Қимати гази моеъ тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ба камияш шаст дирам боло рафтааст.

Дар баъзе нуқтаҳои газфурӯшӣ  дар ҳоли ҳозир нархи як литр гази моеъ аз 3 сомониву 90 дирам то чаҳор сомонӣ ва дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз он бештар қимат дорад.  Тибқи ҳисобҳо ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд. Дар маҷмуъ, сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳсулотест, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии мардум таъсири мустақим дорад.Дар гузашта баланд шудани нархи сӯзишворӣ ба баланд шудани нархи роҳкиро ва, ҳамин тавр, маҳсулоти бозор таъсир гузошта буд.Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо мешавад.Аммо коршиносон мегӯянд, набуди рақобат дар бозори сӯзишворӣ яке аз сабабҳои болоравии нархи гази моеъ ва навъҳои дигари сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *