Муайян шудани сабаби марги 52 муҳоҷири ӯзбек (Видео)
Мақомоти Қазоқистон фарзияҳои ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати 52 муҳоҷири ӯзбек бар асари сӯхтори автобусашон дар роҳ ба Русияро рад карда мегӯянд, ки ин ғолибан як фалокати нохуш буд. Аксарияти кулли қурбониён аз вилояти Намангони Ӯзбекистон буда, барои мардикорӣ ба Русия мерафтанд…
Соати тақрибан даҳуними субҳи 18 январ дар шоҳроҳи Шимкент – Самара дар тақрибан 10-километрии шаҳраки Қалибойи ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон як автобуси тамғаи «Икарус” ба коми оташ рафт. Ҳангоми ин ҳодиса дар автобус 2 ронанда ва 55 мусофир ҳаракат мекарданд. Бар асари сӯхтор танҳо 5 нафар тавонистанд ҷони солим ба дар биоранд. 52 нафари дигар дар оташ зинда ба зинда сӯхтанд.
Мусофирони ин автобус барои мардикорӣ ба Русия мерафтанд. Сӯхтори ин автобус пурқурбонитарин фалокатест, ки бо муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар роҳи сафар ба Русия ваё дар роҳи бозгашт аз он кишвар рух медиҳад.
Ҳалокати тақрибан ҳамаи мусофирони ин автобус сарусадоҳои мухталиферо ба по кард ва фарзияҳои гуногунеро ба миён овард. Аз ҷумла бархе аз автобус берун омада натавонистани даҳҳо мусофирро зери шубҳа гузошта, ҳадс мезаданд, ки шояд кадом гуруҳи ғоратгар барои пӯшондани изи ҷинояташ автобусро қасдан оташ задааст. Фарзияе ҳам садо дод, ки гӯё мусофирон бо якдигар занозанӣ кардаанд ва автобус дар айни ҳамин ҷанҷол оташ гирифтааст.
Аммо мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тафтиш ягон нишонаи ҷиноят дар сӯхтори ин автобусро ошкор накард ва сӯхтори пурқурбонии субҳи 18 январ ба эҳтимоли ғолиб як фалокати нохуш аст.
Аз ҷумла муовини вазири дохилаи Қазоқистон Ерлан Турғумбоев дар як нишасти хабарӣ дар Оқтеппа бо такя ба баёноти 5 нафари дар ин фалокат зиндамонда гуфт, сӯхтор дар дохили худи автобус оғоз ёфтааст, вале азбаски мусофирон дар қабати дувуми автобус буданд, натавонистаанд худро сари вақт берун бикашанд ва наҷот ёбанд: «Вақте сӯхтор оғоз ёфту автобус истод, як дарашро боз карданд. Вале ба даруни автобус даромадани ҳавои тоза боиси авҷи бештар гирифтани доманаи оташ шуд. Дар қабати аввали автобус бағочи мусофирон ҷо карда буданд. Вақте бағоч оташ гирифт, роҳи берунрафти мусофирон комилан баста шуд.”
Руслан Имонқулов, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфт, тафтиши муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки сӯхтор дар даруни автобус бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ рух додааст.
Автобуси «Икарус”-е, ки ба коми оташ рафт, сохти соли 1989 буда, бори охир дар соли 2015 аз санҷиши фаннӣ гузашта будааст. Мақомоти Қазоқистону Ӯзбекистон мегӯянд, ин автобус иҷозатномаи расмӣ барои интиқоли мусофиронро байни Ӯзбекистону Русия надошт.
Ҳар сол то ду миллион аз аҳолии қобили кори Ӯзбакистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Бо автобус ба Русия асосан муҳоҷироне мераванд, ки пулашон барои харидани билети ҳавопаймо намерасад.
Бо ин ҳол, ҷасадҳои қурбониёни сӯхтори даҳшатборро барои ташхис ба шаҳри Оқтеппа интиқол додаанд.Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, то ин лаҳза шахсияти 44 қурбонӣ мушаххас карда шудааст, вале барои ташхиси ҷасадҳои боқимонда ташхиси генетикии ДНК зарур аст, чунки ҷасадҳо комилан сӯхтаанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон дар сомонаи расмиаш рӯйхати 30 нафари ташхисшуда аз қурбониёни сӯхтори автобуси муҳоҷирони ӯзбекро нашр кард. Аз ин рӯйхат бармеояд, ки қурбониён аз вилояти Намангон буда, аксар мардони ҷавони то 40-сола будаанд.
Предварительный список погибших граждан Республики Узбекистан в результате возгорания автобуса в Актюбинской области Республики Казахстан 18 января 2018 года
№ | Ф.И.О. | Год
рождения |
Проживал по адресу | Номер паспорта |
Наманганская область |
||||
МСГ «Катта курама» |
||||
1 | Мадрахимов
Хамидулло Мирзаабдуллаевич |
05.12.1986 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Катта курама», б/н | АВ 5290730 |
2 | Мадрахимов Хабибулло Мирзабдулло угли | 13.02.1991 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Катта курама», б/н | АА 9097543 |
3 | Тураев Абдуназар Умаралиевич | 10.03.1980 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 5292510 |
4 | Сулаймонов Зайниддин Жакбаралиевич | 12.10.1989 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 7608274 |
5 | Мамадалиев Мамуржон Ахмаджон угли | 01.09.1992 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 4307355 |
6 |
Нишонов Отабек Анвар угли | 16.10.1990 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 3394085 |
7 | Абдумуминов Кахрамон Абдугафур угли | 16.12.1994 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 3856226 |
8 | Нишанов Акмалжон Авазбек угли | 24.08.1996 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 5443014 |
9 | Умаралиев Солижон Обиджон угли | 13.08.1995 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 5470172 |
10 | Сулаймонов
Олимжон Мухаммаджонович |
12.09.1976 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Катта курама», б/н |
АА 7190502 |
МСГ «Узбекистон» |
||||
11 | Хошимбаев
Нурмухаммад Камолиддинович |
27.05.1997 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Узбекистон», б/н |
АА 5894459 |
12 | Муродуллаев Боходир Акбарали угли | 17.07.1998 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Узбекистон», б/н |
АВ 5288881 |
13 | Кучкаров Элмурод Шавкатович | 10.06.1996 | Наманганская область, Туракурганский район,
МСГ «Узбекистон», б/н |
АА 2945465 |
МСГ «Бозорбоши» |
||||
14 | Мирсаидов Мирзохид Миркомилович | 30.08.1981 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Бозорбоши», кишлак «Шаханд», б/н | АВ 2924107 |
15 | Назаров Маъмуржон Махмуджонович | 27.02.1984 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Узбекистан» |
АА 3311776 |
16 | Юлчибаев Комилжон Каримович | 10.10.1980 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Узбекистан», б/н |
АА 9542918 |
МСГ «Чиндавул» |
||||
17 | Гафуров Абдулатиф Абдумуталович | 03.10.1977 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АВ 5679358 |
18 | Хамраев Иброхимжон Исмаилович | 20.09.1984 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АА 7042043 |
19 | Зарипов Ахмаджон Икромович | 25.01.1980 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АВ 5465716 |
20 | Абдуллажанов
Исмоилжон Эгамберди угли |
14.05.1998 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АА 6191023 |
21 | Имомадиев Вохиджон Вакосхонович | 10.07.1987 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АА 4709263 |
22 | Эсанов Абдувохид Абдуразокович | 15.03.1979 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АВ 6425144 |
23 | Хатамов Кахрамон Абдуллажонович | 27.05.1986 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АА 7168311 |
24 | Сотволдиев Алишер Абдураимович | 14.08.1976 | Наманганская область, Касансайский район, МСГ «Чиндавул», б/н |
АВ 3953607 |
25 | Рахмонов Омонулло Уктамжон угли | 17.08.1997 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Шохидон» |
АА 7469076 |
26 | Валиев Мухаммадризо Бокибой угли | 31.10.1996 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Шохидон» |
АВ 0647873 |
27 | Хусниддинов Мухамадин Абдурашид угли | 02.12.1998 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Шохидон» |
АВ 0992825 |
28 | Зокиров Шохрух Тохиржон угли | 07.02.1997 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Шохидон» |
АА 3803875 |
Списокпострадавших граждан
№ | Ф.И.О. | Год
рождения |
Проживает по адресу | Номер паспорта |
Наманганская область |
||||
1 | Исаков Ахрор Ибрагимович | 14.04.1988 | Наманганская область, Туракурганский район, ССГ «Узбекистан», МСГ «Катта курама», дом б/н |
АА 3566823 |
2 | Мирзахмедов Исроилжон Исакжанович | 10.01.1980 | Наманганская область, Туракурганский район, МСГ «Бозорбоши», кишлак «Шаханд», дом б/н. |
АА 4655010 |
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ