Ҳаво имрӯз офтобист

Имрӯз, 20 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво офтобӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои офтобӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво офтобӣ шуда, ҳарорат шабона 1-1 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *