“Мубина”-ро ғорат карданд
Ба мақомоти милитсия хабар расида буд, ки санаи 11.07.с.2016 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи “Мубина”, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор, зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, маблағи пулии нақд 7000-сомониро дуздидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои даст доштан дар ҷинояти дуздӣ зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ