Ҷинсҳои латифи телефондузд
Кормандони милитсия ду ҷинояти марбут ба дуздии телефонҳои мобилӣ ошкор ва гумонбарони онро дастгир карданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки гумонбар, зани 24-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми дар мағозаи “Элита”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд буданаш, телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-и зани 36-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши телефони мобилии зикргардида 1680-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо телефони мобилии тамғаи “Самсунг Г-5”, ки арзишаш 4266-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур духтари 16-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шарҳ