Мубориз таронаи навашро бо услуби дигар нашр кард

Продюсер, ровӣ ва овозхони маъруфи тоҷик Мубориз Усмонов таронаи навбатиашро бо номи “Имшаб” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

Суруди “Имшаб” бо намоҳангаш аст. Намоҳанги “Имшаб” дар гӯшаҳои зебои кишвари азизамон наворбардорӣ шуда, ҳамаҷиҳата зебо, нав ва босифат аст. Дида мешавад, ки “Имшаб” дар маконҳои гуногун сабт шуда, ҷое овозхон танҳост, ҷое бо раққосаҳо, ҷое дар саҳнае ва ҷое дар қатораҳои куҳ.

Мубориз Усмонов либосҳои бадахшонӣ пӯшида, ба усули мардуми бадахшонӣ сурудааст. Ҳамчунин, дида мешавад, ки овозхонро ин суруд аз самти дигар нишон додааст. Яъне, дида мешавад, ки овозхон на танҳо таронаҳои ғамгинӣ, балки ҷазмӣ ҳам месароидааст.

Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Ман аз он лаъли лабат бӯса талабгор имшаб,

Яку ду чист, бидеҳ бӯсаи бисёр имшаб.

Дӯстон бода нахӯрдам, вой туҳмат назанед,

Мастаму лек ман аз бодаи дилдор имшаб.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *