оила

Машварати ҳуқуқӣ: Кӯдакро аз тарбияи шахси бегона гирифтан мумкин аст?

Оё падару модар ҳуқуқ доранд, ки кӯдакашонро аз тарбияи ғайриқонунии шахси бегона гиранд?

ДИЛШОД, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.

Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад.

Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *