Саодат Ҳафизова: Ба фарзанд аллаву афсона мебояд гуфт

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини кўчаи Ҳаёти Нави ноҳияи Сино, омўзгори собиқадор Саодат Ҳафизова мебошанд.

Саволи мо ба муаллимаи азиз чунин буд:

— Чаро модарони имрўз сари гаҳвораи фарзандашон алла намехонанд ва ба онҳо афсона нақл намекунанд. Ин чӣ оқибат дошта метавонад?

— Аввалин суруде, ки кўдак мешунавад, аллаи модар аст. Модарони миллати мо ҳамеша сари гаҳвораи тифл алла мегуфтанд. Дар аллаи модар розу ниёзи ӯ ба Худованди бузург гуфта мешавад, умеду армонашро аз фарзанди дилбандаш, ки дар гаҳвора хобидааст, баён месозад. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед, дар ҳавои суруди алла инҷиқтарин кўдак ҳам як даме ором мегираду ба хоби ноз меравад.

Афсона бошад, даричаи аввалини ҷаҳонбинии кўдак аст, ки ў ба қаҳрамонҳои мусбати сужаи афсона тақлид мекунад. Аз қаҳрамонҳои манфӣ бошад, меомўзад, ки бадӣ чӣ касофат дорад. Модарони ҷавонро лозим аст, ки барои тифлакони хеш афсона гўянд ё аз китоб хонанд. Гумон мекунам, ки ба китоб ва каломи бадеъ меҳр пайдо намудани кўдак низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Волидайнро лозим аст, ки дар қатори туҳфаҳои қимматбаҳо ба кўдакони худ китоб ҳам туҳфа кунанд.

Чун мо дар боло гуфтем, ки модар бояд ба фарзанди хеш алла гўяду афсона хонад, бояд аввал худи модар ин мактабро гузашта бошад. Яъне, аз модару модаркалони худ ин амалро дида бошад, аллаяке ё афсонае донад, китоби бадеие хонда бошад.

Мутаассифона, модарони ҷавон имрўз бо филмҳои тасвирӣ ва бозиҳои телефонӣ, ки аксарияташон ба саломатии кўдак зарар доранд, иктифо мекунанд, ки хеле бад аст.

Ба фарзандону набераҳо аз хурдӣ дар баробари афсонаву шеъру суруд бояд меҳнатдўстиро низ ёд диҳем. Бигузор онҳо мувофиқи тавон ба корҳои кўчаки рўзгор ба мо ёрӣ расонанду самараи меҳнати худро дида шод шаванд. Барои ҳавасмандии кўдакон метавонем ба онҳо барои ин ё он кори иҷронамудаашон туҳфа харем, онҳоро ба меҳнат кардан ташвиқ кунем.

Хотираи кўдак мисли коғази нонавишта сафеду оҳариву бедоғ аст, пас биёед мо онро пур аз рангҳои зебои зиндагӣ созем, то зиндагияш хубу орому осоишта гузарад.

Суҳбати ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *