Маърифати исломӣ: Чаро мусулмонҳо гӯшти хук намехӯранд?

Дар дигар динҳо гӯшти хук хӯрдан ва шароб нӯшидан ягон бадӣ надорад, вале барои мусалмонҳо хӯрдану нӯшидани ин ду чиз ҳаром ҳисоб аст. Фаҳмидан мехостам, ки чаро хӯрдани гӯшти хук ва шаробро дини мубини ислом барои муъминон манъ кардааст?

СОРБОН

Посух:

— Аҳкоми шаръӣ ҳама тавқифӣ ҳастанд, Худованд ҳаким аст ва ҳар як кори ӯ ҳикматҳои фаровон дорад, ки мо аз ҳақиқати он огоҳ нестем.

Тибқи гуфтаи донишмандон яке аз ҳикматҳои ҳаром будани гӯшти хук ин аст, ки дар таркиби он моддае вуҷуд дорад, ки пас аз истеъмоли гӯшт аз бадани инсон хориҷ намешавад ва ба саломатӣ зарар дорад.

Ҳикмати ҳаром шудани шароб ин аст, ки истеъмоли он ақли инсонро аз фаъолият бозмедорад ва дар ин ҳолат метавонад ба ҳар гуна ҷиноят даст занад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *