Эсхата

Вокуниш ба матлаби “Кампирҷанг барои доллар”

“Тоҷикистон”, №19 (1530), аз 10.05.2023

Вазъияти геосиёсие, ки дар саросари ҷаҳон ба амал омадааст, боиси он гардид, ки қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони тиҷоратии асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати доллари ИМА тағйир ёфта, чунин лаппишҳои қурби асъор талаботи аҳолиро нисбати асъори хориҷӣ зиёд намудааст.

Аз ин лиҳоз, мизоҷоне, ки барои савдо ё барои зарурати дигари худ ба асъори хориҷӣ ниёз доранд, назди марказҳои хизматрасонии бонкӣ ҷамъ мешаванд ва тибқи навбат маблағи худро мубодила менамоянд.

Азбаски кормандони бонк дар ҷараёни навбатгирии мизоҷон дахолат наменамоянд ва бо вазифаҳои бевоситаи худ машғул мебошанд, ба миён омадани ҳолатҳои дар мақола қайдшуда аз эҳтимол дур нест.

Бояд қайд намуд, ки дар қатори дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҶСК “Бонки Эсхата” низ ҳамарӯза бо дастгирии бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар доираи имкониятҳои худ ба мизоҷон асъори хориҷии нақдро ба фурӯш мебарорад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи аҳолиро бо пули нақд ва асъори хориҷӣ таъмин намояд.

Дар ин асно, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар назди хазинаҳои амалиётии тамоми воҳидҳои сохтории ҶСК “Бонки Эсхата”, тахтаҳои иттилоотӣ, маводҳои маълумотдиҳанда, истинод ба сомонаи расмӣ, воситаҳои асосии қабули арзу шикоятҳои бонкӣ, аз ҷумла рақами боварии Бонки миллии Тоҷикистон ишора шудааст, ки дар ҳолати норозӣ будан нисбати сифати хизматрасонӣ ё дигар омилҳо, мизоҷон метавонанд бо дилхоҳ воситаҳои тамос муроҷиат намоянд.

Бо ин васила ҶСК “Бонки Эсхата” ба муаллифи рӯзномаи “Тоҷикистон” барои мақола оид ба масъалаи мушоҳида намудаашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, онро барои корбарӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ қабул намуд. Зеро ҳар як шикояти мизоҷон ба Бонк имконият медиҳад, ки сифати хизматрасониро беҳтар гардонад.

Мо хушнуд аз он ҳастем, ки муаллиф бо истифода аз банкомати ҶСК “Бонки Эсхата” талаботи худро қонеъ намуда, маблағи худро аз корти “Алиф Бонк” нақд намудааст.

Дар навбати худ ҶСК “Бонки Эсхата” омода аст бо кулли кормандони рӯзномаи “Тоҷикистон” барои пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҳамкорӣ намояд.

Мавлуда ҶАМОЛОВА,

шуъбаи кор бо арзу шикоятҳои ҶСК “Бонки Эсхата”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *