Кампирҷанг барои доллар

Субҳ ба «Бонки Эсхата» корафтода шудам. Дақиқтар, ба банкомати ин бонк ниёз доштам. Агар боз дақиқтар бигӯям, ин ниёз бо айби «Алиф Бонк» пайдо шуд.

Вақте талошҳо барои нақдина кардани пул аз ду банкомати ин бонк натиҷа надод (банкоматҳояш аз ҳам дар масофаи тӯлонӣ ҷойгиранд, ки вақту фурсати зиёдеро талаф мекунад), суроғи наздиктарин банкомати бонкҳои дигар рафтам. Аммо маълум шуд, ки «Амонатбонк» ва «Спитаменбонк» корти «Алиф»-ро қабул надоранд. Садҳо метрро тай намудаву ба «Бонки Эсхата» расидам. Аз ду паҳлуи дари даромади бонк ду банкомат гузошта шудааст, банкомати ғарбӣ дарҳол ноумед кард: «анҷоми амалиёт ғайриимкон аст».

Хушбахтона банкомати ҷанубӣ лутф кард ва аз маблағи мавриди ниёзи ман нимашро пешниҳод кард. Вақте пулро ба ҷайб заданӣ шудам, таваҷҷуҳамро ғалоғулаву сарусадо ва суханҳои пасту баланд ҷалб кард. Гурӯҳи зиёди занон, ки аксаран синну солашон ба ҷое расида буд, каме поинтар аз банкомат бо ҳам моҷаро доштанд.

Талоши ҷавоне, ки маълум буд, корманди бонк аст, барои ором кардани онҳо натиҷа намедод. Тааҷҷуби маро дида, зани дигар, ки низ ба «зиёрат»-и банкомат омада буд, гуфт, ки «инҳо доллар мехаранд». Ин ҳангом моҷарои лафзии занҳо оҳанги дигар гирифт. Мисле, ки баҳс дар мавриди навбат буд. Чанд нафар ба рӯйхате, ки тибқи он бояд «навбати доллархарӣ» риоя мешуд, эътироз карданд. Садоҳо баландтар шуд, ҳатто суханҳое, ки ба иззати нафс мерасанд, садо доданд. Фикр кардам, ки ҳоло кор ба мӯйканиву рӯйканӣ мерасад. Хушбахтона, кор ба ин расвоӣ нарасид.

Намедонам, ин занҳо киҳо ҳастанд ва чӣ ниёзе ба доллар доранд: шояд тоҷиранд, ки барои овардани молу коло аз хориҷи кишвар ба доллар зарурат доранд?

Абдулазизи ВОСЕЪ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *