Ба касе пул надиҳед! Муроҷиати директори мактаби русии Душанбе

Владимир Гудков, директори мактаби русии ба номи Ю. А. Гагарини шаҳри Душанбе бо нашри наворе аз сокинон хост, ки “ба ҳар гуна ваъдаҳои хайрхоҳон” бовар накунанд ва барои дохил шудани фарзандашон ба ин мактаб ба касе пул надиҳанд.

“Мушоҳида мегардад, ки бархе волидон маъмурияти мактабро гунаҳгор дониста, норозигӣ баён мекунанд. Гӯё барои қабули фарзандон шахсони номаълум пул гирифта будаанд, ки ин далел тасдиқи худро наёфт”,- зикр мекунад директори мактаб.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар ин мактаби русӣ маъракаи қабули кӯдакон ба синфи 1 идома дорад. Соли гузашта даҳҳо нафар сокинони пойтахт аз шеваи қабули ин мактаб шикоят карда, назди мақомоти маорифи кишвар ва Сафорати Русия дар Душанбе адолатхоҳӣ карда буданд.

Навори мазкур зоҳиран бо назардошти мушкили соли гузашта пешомада таҳия ва паҳн гардидааст.

Директори мактаб ҳамчунин таъкид мекунад, ки дархостҳо ҷиҳати супоридани имтиҳони равоншиносӣ — педагогӣ, яъне қабули кӯдакон ба синфи 1, аз ҳазор гузаштааст. Дар ҳоле, ки роҳбарияти мактаб ният доранд имсол танҳо 120 нафарро ба синфи 1 қабул кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *