Бобои Бозор: Ҳамсарам раҳнамои зиндагиам буд

Бобои Бозор ва бибии Чинигул 70 сол аст, ки зиндагии муштарак доранд. То ба имрӯз дар фазои кошонаи ин зану шавҳар муҳаббату дӯстдорӣ, ғамхорию рафоқат, ишқи ҷовидона танинандоз аст.

Бобои Бозор дар оғози суҳбат ҳамсари меҳрубонашро чунин муааррифӣ намуд: “Ин кас (ишора ба ҳамсараш карда) бисёр хизматҳои бузург кардааст. Аз аввали зиндагӣ бароям ягона ғамхор буд, барои мани аз муҳаббати модар бенасибгашта ғамхортарин шахс, раҳнамои зиндагиам буд, шукр то имрӯз бо ҳам меҳрубонем. Ин одами бузург бароям шаш фарзанди дӯстрӯйро ҳадя намуд, онҳоро то дараҷаи профессорӣ расонид, ки ман аз замин то осмон аз ӯ миннатдор ҳастам. Ман ҳамеша паи кору зиндагӣ  будам, соати муайяни корӣ надоштам, субҳи барвақт мебаромадаму соати 1-2-и шаб ба хона медаромадам.

Аз Япония ба дасти Мирзо Турсунзода туҳфа равон карданд

Бозор Нағзибеков соли 1926 дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилдидаи мактаб-интернати зодгоҳаш аст. Дар замони ҷанг барои кор дар заводу фабрикаҳо мутахассис лозим буд, Бозорро дар қатори шаш нафари дигар ба курсҳои касбомӯзӣ равон карданд. Ҳамин тавр, ӯ зина ба зина боло рафт ва то сатҳи директори аввалин “Чойхонаи Роҳат”, ки дар он замон шуҳрати беҳамто дошт, интихоб гардид ва муддати 30 сол дар онҷо фаъолият кард. Тавре Бозор Нағзибеков ба хотир меорад, яке аз меҳмонҳои чойхона, ки ҷопонӣ буду хеле эҳтиромаш мекард, ҳангоми директор буданаш ба дасти Мирзо Турсунзода барояш туҳфа равон карда буд.

Ба ҷои ду аскар худаш ба ҶБВ рафт

Зимни суҳбат дар арафаи “Иди Ғалаба”, ки бо бобои Бозору пайвандонаш доир намудем, номбурда хотираҳои зиёдро бароямон қисса кард. Суҳбати мо атрофи майдони ҳарб ва зиндагии осоишта ҳамроҳи ҳамсари азизашон, ки 70 сол ҳаёти ширин ба сар доранд, оғоз шуд.  

— Аз даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ ҳодисаҳо бо шумо рух дода  буд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунед?

— Вақте вагонҳоро назорат мекардем, дар истгоҳе қарор гирифтем, ба наздамон ду кӯдак омада, аз мо хӯрок пурсиданд. Мо маводҳои ғизоии бо худ доштаамонро ба кӯдакон тақсим кардем. Он солҳо ҳама гурусна буданд, тамоми маводҳои ғизоӣ ба майдони ҷанг мерафт.

— Умеди ғалаба карданро доштед?

— Дар он замон халқ якдилу якҷон буд, тифоқ буданд. Мо соли 1944 боварӣ доштем, ки ғалаб мекунем. Вақте дар Сталинград душман шикаст хӯрд, роҳи гурезро пеш гирифта, ақабнишинӣ карданд.
— Баъд аз Ғалаба вақте байрақи Шӯравиро дар бинои Рестак дар Берлин заданд, чӣ эҳсос доштед?

— Эҳсоси хурсандӣ, шодии осмонкаф, тамоми халқи советӣ новобаста аз қавму миллаташон шодиву хурсандӣ мекарданд.

— Ҳангоми ҷанг чӣ гуна аз ҳоли хеш ба пайвандонатон хабар медодед?

— Соли 1943 падарам бандагӣ карда буд. Дигар хеши наздик надоштам.

— Бобоҷон, интихоби ҳамсари меҳрубонатон аз ҷонибӣ кӣ буд?

— Як ҳамкорам, ки котиби обком буд, рафиқии нағз доштем. Ӯ бо оилаашон хостаанд, ки маро оиладор намоянд. Ҳамсари ман дар колхоз кор мекард, ӯро ба ман номзад карданд ва тӯямон дар ҳалқаи хешу табор ва ҳамсояҳо баргузор гашт.

— Барои бибии Чамангул чӣ қадар қалинг фармуданд?

— Ягон чиз фармоиш надоданд. Тӯйи мо хоксорона гузашт. Хостгорҳо ҳам гуфтанд, ки онҳо инсонҳои хуб ҳастанд, қалинг фармоиш намедиҳанд, чӣ ҳиммате, ки худатон кунед.

— Шумо нисбати бибии Чамангул дар кадом ҳолатҳо рашк мекардед?

— Мо рашк надоштем, зиндагии мо бе рашк гузашт.

Шиори ман сабр буд

Чамангул Расулова  ва Бозор Нағзибеков соли 1954 аҳди никоҳ баста,  дарахти зиндагиашон серҳосил гашт ва имрӯз дар ҳалқаи шаш фарзанд, 17 набера ва 16 абера ҳастанду давраи тиллоии умрашонро мегузаронанд. Бибии Чамангул аз зиндагии якҷоя бо шаҳвараш розӣ аст, мо аз он кас сири хушбахтиашонро пурсон шудем.    

— Бибиҷон, зиндагиатон бо бобои Бозор чӣ гуна гузашт?

— Хеле хуб гузашт, зиндагии хуб доштем. Ҳамеша сабрро пеша карда будам.  

— Аз суханони бобоямон фаҳмидем, ки ҳамеша паи кору пайдо намудани луқмаи фарзандон буданд. Тарбияи 6 фарзанд бар дӯши шумо буд. Оё мушкил набуд?

— Мушкил буд, шабҳо хоб намерафтаму кори хонаро анҷом медодам, рӯзҳо ба ҷои корам мерафтам, агар фаррош намеомад, ба ҷояш кор мекардам, зарфшӯй намешуд, кори ӯро анҷом медодам. Агар чанд дақиқаи холӣ меёфтам, давида аз ҳоли кӯдакон хабар гирифта, ба кор мерафтам. Собиқаи кории 20-сола дорам.

Давоми 70 соли бо ҳам зиндагӣ кардан мушкилиҳоро чӣ гуна паси сар мекардед?

— Шиорам дар зиндагӣ сабр, сабр, сабр буд. Вақте оғози зиндагиамон буд, апаам ҳамеша мегуфт, ки ҷудо шав аз шавҳарат, ӯ камбағал аст. Ҳамон солҳо шавҳарам маоши кам мегирифт, вале ман розӣ нашудам. Ҳар вақте ҳамин суханро мегуфт, ҷавоб медодам, ки шавҳарамро танҳо намегузорам ва аз ӯ ҷудо намешавам.

— Шумо аз оилаи доро будед, ки апаатон монеи зиндагии шумо мешуданд?

— Не, мо оилаи доро набудему зиндагии қашшоқона ҳам надоштем. Модарам кор мекард…

— Интихобу келину домодҳо аз тарафи кӣ сурат мегирифт?

— Ман ҳеҷ гоҳ монеи интихобашон нашудаам. Худашон ҳамсаронашонро интихоб карданд.

— Зиндагӣ бе камбудӣ ё нофаҳмоӣ намешавад.  Вақте духтарон дар зиндагиашон ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешуданд, чӣ гуна ба он вокуниш мекардед?

— Шукри Худо домодҳои ман аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳастанд. Дуруст аст, ки оила бе гап намешавад. Ҳамчун модар ҳамеша таъкид мекардам, ки хонаи ман ба хушҳолӣ ва розигии шаҳвар биёед, ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷанҷол карда, ба хонаам наоед.

— Бибии Чамангул боз чӣ орзуҳо доред?

— Орзуи ҳар падару модар ободии хонаи фарзандон ва кишвари азизамон аст. Дуо мекунам, ки дар Ватанамон тинҷӣ, амонӣ, роҳбарамон сиҳату саломат бошанд. Ҳамаи шуморо ба синну соли мо расонаду зиндагии ширин бинед. 

Суҳбаторо: Маҳинаи ДАВЛАТ

АЗ ИДОРА: Мо ҳам дуогӯи он ҳастем, ки ин ҷуфти барнодил дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагии ширину нотакрор ба сар баранду паҳлуи ҳам солҳои зиёд умр бубинанд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *