Вакилони тоҷик соҳиби планшет шуданд

Барои вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон планшет ва компютерҳои нав харидаанд.

Дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки 65 планшет ва чанд адад комютеру дастгоҳи чопӣ “барои беҳтар ва шаффоф намудани раванди муошират ва қабули дархостҳои шаҳрвандон” гирифта шудаанд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил дорад. Тарафдорони ҳукумат нақши парлумонро дар ҳаёти сиёсии кишвар муассир мехонанд, аммо мунтақидон мегӯянд, ки парлумони имрӯзаи Тоҷикистон зери нуфузи ҳукумат қарор дорад ва қонунҳоро бидуни баҳс қабул мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *