Мудир ятимхонаро ба фоҳишахона табдил дод

Дар Ӯзбекистон зидди раҳбарияти Хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Марғелони вилояти Фарғона бо ҷурми озору азияти ҷинсии тарбиятгирандагон ва дуздии пулҳои буҷаи давлату созмонҳои байналмилалӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мудири ятимхона Қаҳрамон Орифов ва муҳофизи он ба ҳабс гирифта шудаанд. Ду муовини Орифов, сармуҳосиб ва даҳҳо мураббии марказ аз мақомҳои худ барканор ва зиддашон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи манобеъ, Орифов дӯстону хешовандони худро ба кор қабул карда, даҳҳо миллион сӯмеро, ки давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ба ятимон ҷудо кардаанд, аз худ намудааст. Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир, муфаттишон фарзияеро, ки гӯиё тарбиятгирандагони марказ дар Марғелон ба танфурӯшӣ ҷалб мешудаанд, тафтиш доранд.

«Мудир ятимхонаро ба фоҳишахона табдил додааст. Ба ҷуз ин, ӯ миллионҳо сӯмеро дуздидааст, ки барои ятимон ҷудо шуда буд. Додситонӣ қазияро тафтиш дорад. Муҳофизи марказро низ ҳабс карданд. Ӯ бо дастури мудир шахсони бегонаро роҳ медодааст», — гуфт як корманди ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Фарғона.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода буданд, ки дар Ӯзбекистон як қатор муҳофизони боғчаҳоро бо ҷурми шабона ба фоҳишахона табдил додани муассисаҳои то мактабӣ боздошт кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *