Алексей Шапошник донишҷӯёни тоҷикро бесавод хонд

Профессор Алексей Шапошник, мудири кафедраи химияи Донишгоҳи аграрии Воронежи Русия дар як матлаби миллатгароёна дар Фейсбук донишҷӯёни тоҷикро ба бесаводӣ айбдор кард ва гуфт, тоҷикҳо оддитарин қоидаҳои зарбу тақсимро намедонанд, чӣ расад ба фанни химия? Шапошник афзудааст, ки вазорати маорифи Русия дониста донишҷӯёни русро танг карда, ҷои онҳоро бо донишҷӯёни камсаводи тоҷику қирғиз ва туркман пур мекунад.

Профессор Алексей Шапошник, мудири кафедраи химияи Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Воронеж ба номи Пётри 1 дар як матлаби пурсарусадое дар саҳифааш дар Фейсбук донишҷӯёни тоҷики ин мактаби олии Русияро саросар ба бесаводӣ айбдор кард. Алексей Шапошник навишт, рӯзи 27 декабр, вақте аз чанд донишҷӯи тоҷик аз фанни химияи органикӣ имтиҳон мегирифт, маълумаш шуд, ки ин толибилмони тоҷик ҳатто саводи зарбу тақсим кардани рақамҳои оддиро надоранд, чӣ расад ба донистани фанни химияи органикӣ?

Алексей Шапошник дар ин робита навишт: «Дар вақти имтиҳон боз як бори дигар ба донишҷӯи тоҷик фаҳмондам, ки муодилаҳои химиявӣ чӣ гуна навишта мешаванд. Дар вақти фаҳмондан аз ӯ пурсидам: «Серо ба се тақсим кунем, чанд мешавад?” Ӯ бо итминону қаноматмандӣ ва бо табассум ҷавоб дод ки: «Се”. Чашмонаш медурахшид. Фикр кардам, ки шояд русиро хуб намефаҳмад ва дар қоғаз навиштам: 3/3= ? Ӯ бо ҳамон табассуми ҳолливудиаш навишт: «3.» Ончӣ ки аз тоҷикҳо бароям хуш меояд, ин табассуми пур аз хушбахтиву ризоияти онҳост.»

Сегодня экзамен принимал, и в очередной раз стал объяснять таджикскому студенту, как писать формулы химических веществ. В процессе объяснения спросил его: «Сколько получится, если три разделить на три?» Он ответил уверенно и с удовольствием, с приятной улыбкой позитивного человека: «Три». Глаза его сияли. Возможно, он не понимает русский язык, подумал я, и написал ему на бумажке 3/3= ? Он с голливудской улыбкой написал «3».
Что мне нравится в таджиках, это их улыбки счастливых умиротворенных людей.

Алексей Шапошник дар ин баҳсҳо дилу нияти худро боз бештар боз карда, вазорати маорифи Русияро айбдор кард, ки дидаву дониста донишҷӯёни русро аз мактабҳои олӣ танг карда, ҷои онҳоро бо донишҷӯёни камсавод аз Тоҷикистону Қирғизистону Туркманистон ва кишварҳои дигар пур карда истодааст: «Вазорати маориф чсиёсати батадриҷ танг кардани донишҷӯёни рус ва пур кардани ҷои онҳо бо донишҷӯёни тоҷику қирғиз ва туркманро пеш бурда истодааст. Ва ин ҳама аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия анҷом мешавад. Дар роҳи довталабони мо мониа месозанд, вале хориҷиҳоро бо ҳар роҳ ҷалб мекунанд. Ин тоҷикҳои маро аз кадом авулҳои дурдасте ҷамъ карда овардаанд.”

Алексей Шапошникминистерство образования взяло курс на постепенное вытеснение русских студентов таджикскими, киргизскими и туркменскими. все за деньги российского бюджета. количество иностранцев теперь один из важнейших показателей отчетности. перед нашими абитуриентами выставляют барьер, зато иностранных вытягивают откуда только можно. этих моих таджиков собирали по дальним аулам. я на Ученом совете выступил против, но никто меня открыто не поддержал.

Шапошник дар ҷараёни баҳсҳо боз ҳам фаротар рафта, аз қавли мудири кафедраи математика навиштааст, ки ӯ ним соли тамом ба тоҷиккҳо чор амали арифметикаро дар ҳадди аз як то 10 ёд додааст: «Ҷамъу тарҳро бо ангуштони даст дар ниҳоят ёдашон дод, вале зарбу тақсимро ба онҳо ҳеҷ омӯзонда натавонист.»

Алексей Шапошникзав. кафедрой математики рассказывал мне, как он целый семестр учил таджиков арифметическим действиям в пределах десяти. складывать и вычитать научил на пальцах, а делить и умножать не смог научить.

Шапошник навиштааст, ки ба донишҷӯи тоҷике, ки серо ба се тақсим карда натавонист, дар имтиҳон аз фанни химияи органикӣ баҳои ду мондааст.

Алексей Шапошникответ на вопрос по арифметике не оказал влияния на оценку. двойку я поставил за письменные ответы на вопросы по неорганической химии.

Ин матлаби лаҳнаш миллатгароёнаи профессори рус мавҷи вокунишҳо ва баҳсҳои гармро ба бор овард. Як идда дар ҳавои лаҳни матлаби Алексей Шапошник ба хоидани пои донишҷӯёни «бегона” дар донишгоҳҳои Русия пардохта, бархеи дигар аз худи Шапошник интиқод карданд, ки ақидаҳои ғализи қавмгароёнаашро сармашқи кори омӯзгорӣ кардааст.

Бознашрп аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *