Муфассал: Дар Мастчоҳ Мирзораҷаб занашро бо табар зада кушт
Қурбонӣ дар Рӯзи ғалаба
9-май дар саросари кишварҳои собиқ шӯравӣ ид буд. Иди зафар! Бадбахтона, дар рӯзи мубораке, ки мардум 73-юмин солгарди ғалаба бар фашизмро ҷашн мегирифтанд, дар Мастчоҳ ҳодисаи даҳшатангезе рух дод.
Оре, дар ин гӯшаи ватани азизи мо куштори бераҳмонае ба вуқӯъ пайваст, ки ҳатто хунхории фашистони Германия дар наздаш ҳеҷ аст. Дар рӯзи равшан марди 57-солаи мастчоҳӣ Мирзораҷаб Охунов ҳамсараш Садафмоҳ Қурбоноваро дар хонаи худаш бо табар зада кушт. Овозаю ҳангомаҳо дар бораи ин ҳодисаи даҳшатзо хеле зиёданд, яке мегӯяд, ки мард касалии руҳӣ доштааст, дигарӣ айбро ба гардани марҳум бор карда, иддао менамояд, ки зан бо эроду беҳудагӯиҳояш ҷони шавҳарашро ба лабаш овардаасту дар сари қаҳр мард занашро бо табар задааст, саввумӣ бар он назар аст, ки сабаби моҷаро меҳмонӣ аст ва гӯё зан аз маъракаи хонаи ҳамсоя дертар баргаштаасту ҳамин як масъалаи кӯчак боиси куштор гаштааст, чорумӣ ин ҳодисаи хунинро ба рашк рабт медиҳад…
Барои фаҳмидани асли воқеа мо роҳи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро пеш гирифтем.
Шодрӯз Охунов:
Падарам дилу ҷигари модарамро мехӯрд
Шодрӯз Охунов дар байни чор духтари ин оила писари ягона буда, имрӯз дар ҳавлии калон танҳои танҳо мондааст. Падараш дар маҳбас, модари ба хун оғуштааш бошад, дар зери хоки сард хуфтааст. Мо ба захми дили ин ҷавони 17-сола намак пошидан намехостем, вале ба хотири фаҳмидани сабаби сар задани ин ҳодисаи даҳшатангез бо чанд савол ба ин ҷавони аламзада муроҷиат намудем.
-Шодрӯз, ситораи падару модаратон аз аввал рост намегирифт ё ягон ҳодисаи ногаҳонӣ рӯй дода, боиси сар задани куштор гашт?
-Падарам як умр дилу ҷигари модарамро бо майдагапӣ хӯрда, ҳамеша бо ягон баҳона ҷангу ҷанҷол мекард. Ёд надорам, ки модари бечораам ягон вақт аз зиндагӣ осуда аз шавҳараш гапи хуш шунида бошад ё мисли дигар занҳо фасон шуда, ба ягон ҷо ба меҳмонӣ рафта бошад. Ман 17-сола шуда бошам, давоми ҳамин 17 сол ҳамеша дар хонаамон ҷангу ҷанҷол буд…
-Сабаби ҷангу ҷанҷол чӣ буд? Падаратон модаратонро ба ягон кас рашк мекард ё барои камбудии рӯзгор моҷаро мекарданд?
-Росташро гӯям, сабаби норозигии падарамро ман ҳеҷ нафаҳмидам. Модари бечораам рӯз то бегоҳ ҷон коҳонда дар баробари корҳои занона деҳқонию обчакорӣ низ мекард, вале заҳмату меҳнатҳояш ҳеҷ дар назари падарам наметофтанд. Ӯ мудом аз таги нохун чирк кофта, гапу корҳои ким-кай гузаштаро ба ёд оварда, моҷароҷӯӣ мекард. Модарам як даҳон гап занад, тамоми қиёмат қоим мешуд. Падарам модарамро мурданивор зада, бо доду вой ва дашному ҳақорат ҳавлиро ба сараш мебардошт. Гоҳо барои халос кардан зӯрам намерасиду ба сари ҳамсояҳо медавидам, ки тезтар омада модарамро аз чанги падарам халос кунед, вагарна ӯро зада мекушад…
—Хешу табор ва ҳамсояҳо онҳоро насиҳат намекарданд?
—Онҳо кайҳо аз синну соли насиҳатшунавӣ гузашта, соҳиби домоду набера шуда буданд ва мебоист, ки дигаронро насиҳат намоянд, вале новобаста ба ин, ҳам хешу табор ва ҳам ҳаққу ҳамсояҳо борҳо насиҳат мекарданд, ки ҷангу ҷанҷолро бас карда, одамвор зиндагӣ намоянд. Шахсан худи ман камаш сад бор ба падарам гуфтам, ки дадо, мӯйи саратон сафед шудааст, айбу шармро намедонед, ки ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол карда, ба мардум кинои бе пул диҳед. Модарам ягон айб дошта бошад, гапи дигар мебуд, вале бечора як умр хизмати шуморо мекунад, охир чӣ намерасад, ки ҷонашро ба лабаш оварда, ин қадар ӯро азоб медиҳед?! Ба ҷойи шарм доштан падарам ба даҳонам мезад, ки ту кӯдак, ба кору бори калонҳо аралаш нашав. Росташро гӯям, доду вой ва ҷангу ҷӯши падару модарам ба дилам зада буд ва мехостам, ки онҳо ҷудо шаванд. Ба модарам чанд бор гуфтам, ки талоқашро талаб карда, ҷонашро аз ин золим халос намояд, вале “дар ин синну сол ҷудо шавем, мардум айб мекунанд” гӯён, худро қурбони ҷаҳолат намуд…
Даҳшат!
—Рӯзе, ки ин ҳодисаи даҳшатангез рӯй дод, шумо дар хона будед? Моҷарои падару модаратон аз чӣ сар шуд?
-Ростӣ, ягон вақт модарамро танҳо намемондам. Метарсидам, ки дар набудани ман ягон фалокат рӯй надиҳад, чунки вақти ҷаҳлаш омадан замину осмон дар назари падарам наметофт. Беҳуда намегуфтаанд, ки аз тақдир ҷойи гурез нест. Ҳамон рӯз аз саҳар табъи падару модарам болида ва ором менамуданд, барои ҳамин ман бо дили пур ҳамроҳи ҷӯраҳоям ба маркази ноҳия ба тамошои иди ғалаба рафтам. Оҳ, агар медонистам, ки дар ду соати набудани ман чунин ҳодисаи даҳшатангез рӯй дода, хонаамон мотамхона мешавад, ҳаргиз намерафтам!
-Чаро ҳақу ҳамсояҳо ба имдоди модаратон нарасиданд?
-Ҳамон рӯз падару модарам бояд ба замини кишти янғароқ (чормағзи заминӣ) мерафтанд, вале гапашон чун ҳарвақта мегурезаду падарам аз набудани ман истифода бурда, дарвозаро аз дарун қулф карда, мисли гӯсфанди қурбонӣ модари бечораамро табаркуш мекунад. Модарам чӣ қадар ҷон канда, дод гуфтааст, намедонам, вале дар паси ин девору дарвозаҳои баланди мо одамро реза-реза кунанд ҳам, садояшро касе намешунавад. Афсӯс, вақте ки ман ба хона баргаштам, кор кайҳо аз кор гузашта, модарам ғарқи хун хобида буд….
—Касе хабари марги модаратонро ба шумо расонд ё баъди ба хона омадан якбора шоҳиди ин ҳодисаи мудҳиш гаштед?
—Падарам баъди модарамро куштан гӯё чизе нашуда бошад, оромона дарвозаро кушода монда, баромада меравад. Дар поёнтари хонаамон канал ҳаст, ана дар наздикии ҳамон канал ман бо падарам рӯ ба рӯ шудам. Вай бо велосипед буд. Маро дида великро ба дастам дод ва оромона гуфт, ки як кори муҳим дорад, великро бурда ба хона монам, вай баъдтар меояд. Ман чизеро пай набурда, “хуб” гуфтам ва бехабар аз ин рӯйдоди даҳшатнок велосипедро гирифта, сӯи хона ҳаракат кардам. Нав 25-30 метр рафта будам, ки як ҷӯраам аз телефони ҳамсоя занг зад ва таъкид кард, ки зудтар биёям, дар хонаамон ҷанг аст. Ҳайрон шуда гуфтам, ки як лаҳза пеш падарамро дидам, чӣ хел дар хонаи мо ҷанг аст, ки ӯ оромона великашро ба ман дода аз паси кору бори худаш рафт. Ҷӯраам асабонӣ шуда “гапро дароз накарда биё, баъд ҳамаашро мефаҳмӣ” гуфту телефонро хомӯш кард. Бо шунидани ин гап дилам якбора оташ гирифту бод барин сӯйи хона давидам. Дарвоза кушоду буд, вале модарам дар рӯи ҳавлӣ наменамуданд. Пешомади ногувореро ҳис карда, ду-се бор оча, оча гуфтам, аммо аз ягон гӯша овози модарам набаромад. Қатраҳои хунро дида худамро таскин додам, ки шояд бо говамон чизе шудаасту падарам саросема ба сари қассоб рафт, вале дар ошхона дарёи хунро дида сарам чарх зад. Остонаи дар ва рӯи замин лола барин суп-сурху модарам рӯ ба замин хоб буд. Бо дидани ин манзараи ваҳшатангез ман ба даҳшат афтида, бо тамоми овоз “оча!” гуфта, фиғон кашидам ва бо як азоб хам шуда, сари модарамро бардоштам… Устухони пешониаш шикастагӣ, сараш лахту пора, рӯяш ғарқи хун ва чунон даҳшатнок буд, ки шинохта намешуд…. Бечора модарам худашро муҳофизат карданӣ шуда, аз афташ дами табарро доштааст, ки дастонаш ҳам пур аз захм ва хуншор буданд….
Шодрӯз инони ихтиёр аз даст дода, инони гиряро сар дод. Вай мисли занҳо бо тамоми овоз “очаҷони шаҳиди ғарқи хун ва номуродам” гӯён, нола мекард. Дидани селоби ашки ин ҷавони 17-сола басо риққатовар ва тасаввур кардани ҳолати ҳамон лаҳзаинааш душвор буд.
Мо аз ин беш ба захми сӯзони дили ин ҷавони модаргумкарда намак пошидан нахоста, суҳбатро бо апаи Шодрӯз-Дилрабо Охунова идома додем.
Дилрабо, духтари марҳум:
Ҷоғи шикастаашро пинҳон карду…
-Модари бечораамро ғами ҷавонмарг шудани ду акояш обу адо карда буд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, падарам ҳамеша ӯро азоб дода, бо ҷангу ҷанҷол ва мушту лагад ҷонашро ба лабаш мерасонд. Шахсан ман борҳо гуфтам, ки аз чунин зиндагии сагона дида, ҷудоӣ беҳтар аст, вале модарам, ки бисёр зани бо нангу номус буд, аз тарси гапи мардум ба мушту лагади падарам тоқат карда, зиндагии пур аз ранҷу азобашро идома медод. Бечора модарам, чӣ қадар хорию зориҳоро пушти сар карда, бо обилаи кафи даст, чор духтарашро бо обрӯ ба шавҳар дод. Акнун вақти келин гирифта аз зиндагӣ осуданаш буд, вале падарам орзуҳои модари зорамро бо хоки сиёҳ яксон карда, дар дили мо доғи абадӣ ниҳод. Доғи пурхуне, ки то рӯзи қиёмат аз дилҳои мо намеравад…
—Бародаратон мегӯяд, ки аз аввал волидонатон бо ҳамдигар созиш намекарданд. Сабаби ҷангу ҷидол ва носозгориашон дар чӣ буд? Падаратон модаратонро ба касе рашк мекард?
—Модарам зани кӯчагӣ ё бадгашт набуд, ки падарам ӯро ба касе рашк кунад. Ҷангу ҷанҷол кардан ба падарам одат шуда буд, ҳамеша барои дупула гап моҷаро мебардошт. Он қадар аз ҷангу ҷанҷоли падарам тарсон будем, ки ягон хабари нохушро шунавам, дарҳол ба таҳлука меафтодам, ки хонаи мо набошад. Доим дилам дар ташвиш буд, ки мабодо додарам ба ягон ҷо раваду падарам дар сари қаҳру ғазаб модарамро зада накушад. Беҳуда дил гувоҳи ҳақ аст нагуфтаанд, оқибат ҷангу ҷанҷоли доимӣ сари модарамро хӯрду падарамро ба пушти панҷараи зиндон бурд…
—Гуфтед, ки падаратон ҳамеша модаратонро мезад ва азоб медод. Ягон бор ӯ дар ин бора ба мақомот шикоят накарда буд?
—Шикоят карданро ба худ эб намедид. Чанде пеш падарам ӯро чунон сахт зад, ки ҷоғаш шикаст, аммо модари муштипарам “ман якто не, чорто қудою анда дорам, суду милисабозӣ кунам, духтарҳоям дар назди шавҳар ва хусуру хушдоманҳояшон забонкӯтоҳ мешаванд” гӯён, ба ягон ҷо арзу шикоят накарда, бо ҷоғи шикаста лабашро зери дандон гирифта, зиндагиашро идома дод. Кошкӣ ҳамон вақт ҷудо мешуданду ин ҳодисаи даҳшатнок рӯй намедод.
—Падаратон дар куҷо кор мекунад? Муносибаташ бо ҳама дағалона аст ё танҳо ба сари модаратон мушт мебардошт?
—Падарам ба Русия рафта меояд. Ростӣ, дар он ҷо бо одамон чӣ хел муносибат доштанашро намедонам, вале дар хона будани падарам ҳамеша боиси ташвишу изтироби мо мегашт. Соли гузашта 15-уми октябр падарам аз Русия омаду хавотирии ман дучанд шуд. Тез-тез ба аёдат меомадам, ки ягон фалокат рӯй надиҳад, вале як моҳи охир бо сабаби сар шудани корҳои сохтмонӣ натавонистам аз ҳолашон хабар бигирам. Дар хонаам усто доштам, барои ҳамин фурсат намеёфтам, ки модарамро хабаргирӣ биёям. Имрӯз афсӯс мехӯрам, ки рӯйи гарми модарамро ба серӣ дида натавонистам, вале…
Ғаму алами марги фоҷиавии модар гулӯи Дилраборо фишурда, оби дидагонаш беихтиёр ба рӯяш ҷорӣ мешаванд. Селоби ашк рухсораҳои ин ҷавонзани зеборо мешӯяд. Вай ончунон бо дарду алам мегиряд, ки дили санги хоро низ об мешавад. Дили хунчакони ӯро беш аз ин озурда насохта, мо суҳбатро бо пайвандони падараш идома додем, то назари онҳоро нисбат ба ин ҳодиса бидонем.
Мирзовалӣ Охунов, бародари қотил:
Аз аввал сагу пишак буданд…
Мирзовалӣ Охунов, амаки Дилрабо ва Шодрӯз аз бародараш пуштибонӣ намуда, мегӯяд янгаам ҳамеша ҷанг кофта, бо суханҳои пасту баландаш шавҳарашро маҷбур мекард, ки ба сари ӯ даст бардорад. Ба андешаи Мирзовалӣ маҳз заҳри забони янгааш косаи сабри додарашро лабрез намуда, боиси сар задани ин фоҷиа гаштааст:
-Додарам ва янгаам аз аввал мушу пишак буданд, вале як оилаи обод вайрон нашавад гуфта, мо онҳоро ҳамеша насиҳат мекардем. Гумон доштем, ки соҳиби фарзанд шаванд, ақлашон ба сарашон мезанад ва ором мешаванд, аммо хаёламон хом баромад. Тавлиди пай дар пайи чор духтару як писар натавонист онҳоро ба созиш биёрад. Соҳиби домоду набера гашта бошанд ҳам, то ҳол барои дупула гап даст ба гиребон шуда, занозанӣ мекарданд.
—Ҷанҷолу хархаша бештар бо айби кӣ сар мезад?
-Ман додарамро сафед карданӣ нестам, чунки ӯ одам куштааст ва барои ин ҷинояти даҳшатнокаш дар назди қонун албатта ҷавоб медиҳад, вале аз рӯйи инсоф мегӯяд, ки ҳардуяшон бе айб набуданд. Ин гапи ман шояд ба ҷиянҳоям сахт расад, вале бояд иқрор шуд, ки янгаам чандон фаришта набуд. Раҳматӣ занаки покдомон ва меҳнатӣ буд, инро ман инкор намекунам, вале серҷоғ буд. Баҳудаю беҳуда ба ҳар чиз хӯрдагирӣ мекард ва мудом ба асаби додарам мерасид.
—Сабаби ба қавли шумо “ҷанг кофтан”-и янгаатон дар чӣ буд?
-Соли таваллуди ман 1958 бошад, додарам 1961 буд. Занаш намехост, ки ин мардаки қариб ба 60 даромада дар хона бошад. Ба ҷону ҳоли додарам намонда, талаб мекард, ки ба Русия раву пул фирист, аммо худат набиё. Худатон фикр кунед, охир дар мулки рус дарахти пул намерӯяд, ки аз шохаҳояш доллар чида ба хонаат фиристодан гирӣ. Додарам бемории дил ва фишори мағзи сар дошт, шояд аз ҳамин сабаб ба ҷак-ҷаки зиёди занаш тоқат накарда, ӯро зери мушту лагад мегирифт. Ҷанги ин зану шавҳар то милисаҳо рафта расида буд. Ҳарду баъди танбеҳи мақомот каме ором шаванд ҳам, дере нагузашта боз ҳамон аҳмади порина мешуданд. Аз пушти ҷанҷолу ғурбати оилаи додарам мо ҳам ором надоштем. Ҳайрон будем, ки ба онҳо чӣ намерасида бошад, охир 8 бародар ҳамаамон соҳиби хонаю дари алоҳида ҳастем. Дар баъзе оилаҳо дар як хона чанд келин зиндагӣ карда бо ҳамдигар забон меёбанд, вале ин зану шавҳар дар як ҳавлии калон танҳо зиста, ҳеҷ бо ҳам созиш карда наметавонистанд…
-Фарзандони бародаратон бо як овоз мегӯянд, ки модарашон ягон гуноҳ надошт, вале падарашон аз таги нохун чирк кофта, баҳудаю беҳуда ҷангу ҷанҷол мекард…?
—“Падар хук шавад ҳам, хуб бонӣ кун” гуфтаанд, вале фарзандони бародарам ин мақоли халқиро ба як пули пучак ҳам намегирифтанд. Чор духтару як писар ҳама тарафи модарро гирифтанду падарро яккамахав карда монданд. Мехостанд тезтар ӯро аз дар берун кунанд, Падар куҷое, ки меравад, равад, фақат барояшон пул фиристад, шуд! Додарам касалии дил дошт, баъди табобат гирифтан дар беморхона табибон ба ӯ асабонӣ шудан ва кори вазнин карданро манъ намуданд, вале зану фарзандонаш парво надоштанд, ки ҳоли вай чӣ мешавад. Чанд бор гуфтам, ки 14 сотих замини аз падарам мерос мондаро ду тақсим карда, нисфашро ба ту медиҳам ва бароят хонаю дари алоҳида месозам, биё аз баҳри ҳамин ҳавлӣ баромада, онро ба зану бачаат деҳ, вале додарам розӣ нашуда гуфт, ки ман як умр дар мулки мардум меҳнат карда бо азоб хонаю дарамро обод кардам, барои чӣ имрӯз ҳамаашро ба ин занак партофта мерафтаам?!
—Фикр мекунед, ки нописандии оилааш додаратонро то одамкушӣ оварда расонданд?
—Ман бародарамро пуштибонӣ карданӣ нестам, таъриф намекунам, ки додарам тилло аст, аммо дар болои сарамон, ки Худо ҳаст, бояд рости гапро гӯем. Додарам бадфеълу янгаам бадзабон буд. Оташро бо об мекушанд, на бо оташ, агар занак лабашро зери дандон гирифта, гапгардонӣ намекард, шояд чунин ҳодисаи даҳшатнок рӯй намедод.
Раиси ҷамоат бехабар буд?
Яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати маҳаллӣ, хоса кормандони ҷамоат кор бо сокинони маҳал ва гирифтани пеши роҳи моҷароҳои оилавӣ аст, аммо Икром Ахмедов, муовини раиси ҷамоати Оббурдон мегӯяд онҳо аз ҷанҷолу моҷарои оилаи Охуновҳо тамоман хабар надоштанд.
-Садафмоҳ Қурбоноваи раҳматӣ бисёр зани меҳрубон ва меҳнатӣ буд, доим барои ободӣ ҷон меканд. Кас бо дидан гумон намекард, ки дар оилааш 18 сари сол боз ғурбату ҷангу ҷанҷол аст. Айб дар аъзоёни ҳарду оила, ки ягон бор ба раиси ҷамоат муроҷиат накардаанд. Масъаларо худамон ҳал мекунем гуфта, корро то куштор расондаанд. Мо ҳамеша бо аҳолӣ кор мебарем. Лак- лак оилаҳое ҳастанд, ки ҳатто барои як собун ҷудо шудаанд, вале ин оила тинҷу осуда менамуд. Чор духтарашонро бо обрӯ ба шавҳар доданд, ҳамагӣ як писарашон бе зан монда буд. Хонаю дари обод доштанд. Намедонам ба ин мардаки ба мӯяш сапедӣ дамида чӣ намерасид, ки ҳамсарашро табаркуш карда, тамоми ноҳияро бадном кард,-мегӯяд Ахмедов.
Қотилро чӣ интизор аст?
Айни замон нисбати Мирзораҷаб Охунов парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Умедворем, ки ҳомиёни қонун сабабҳои сар задани ин ҳодисаи даҳшатангезро тафтиш намуда, ба қотил ҷазои сазовор медиҳанд.
Пас аз баромадани ҳукми суд нисбати ин марди бераҳм, ки модари фарзандонашро бо табар зада кушт, мо ҳатман ба ин мавзӯъ баргашта, шумо, хонандагони азизро аз подоши амали ин занкуш огоҳ месозем.
Фарзона Муродӣ,
Иқболшо Пирӯзов
Хуҷанд-Мастчоҳ-Оббурдон-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ