Душанбе: Баргузории нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ

Имрӯз, 1-уми июн дар шаҳри Душанбе нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.  Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ мешавад.

Дар ин нишаст ба ҷуз аз нахуствазири Украина дигар нахуствазирони ҳукуматҳои узви ИДМ иштирок мекунанд. Чун қаблан раисҷумҳури Украина гуфт буд, кишвараш аз узвияти ин созмон хориҷ мешавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин нишаст иштирок ва суханронӣ мекунад.

Нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба барномаи ин нишаст 14 масъала, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, башарӣ ва дигар соҳаҳо равона шудааст, дохил мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *