Муфаттишон пойи гумонбарро зада шикастанд

Акмал Ҳасанбоев, сокини деҳаи «Ём»-и вилояти Ҷиззах мегӯяд, кормандони милиса барои онки ба фурӯши маводи мухаддир иқрор кунад, пояшро шикастаанд.

Ба гуфтаи ин мард, дар натиҷаи зарбаҳои калтаки резинӣ устухони пояш беҷо шудааст. Аммо навбатдори шуъбаи милиса мегӯяд, ин ҳолат дар идораи пулис сабт нашудааст.

Акмал Ҳасанбоеви 38-сола мегӯяд, 27 июн ӯро кормандони пулис боздошт карда, ба идораашон бурдаанд. Ба гуфтаи ин мард, дар идораи пулис ӯро шадидан шиканҷа кардаанд.

«Чаҳор корманди пулис маро дошта, ду нафари дигар беист ба пойҳоям мезаданд. Онҳо таҳдид мекарданд, ки гарданамро мешикананд, ба зиндон меандозанд, мекушанд. Муфаттишон талаб карданд, ки ман ба фурӯши маводи мухаддир иқрор кунам. Шиканҷаи зиёдро тоб наоварда ман аз ҳуш рафтам», — мегӯяд Акмал Ҳасанбоев.

Бародари хурдии Акмал гуфт, бародараш барои табобат ба марде 4-5 дона кӯкнори хушк додааст. «Он мардро боздошт карданд ва вай гуфтааст, ки кӯкнорро аз бародари ман гирифтааст. Вақте бародарамро боздошт карданд, бо роҳи шиканҷа аз ӯ талаб карданд, ки дар фурӯши кӯкнор иқрор кунад ва боқимондаи кӯкнорро ошкор созад. Соати 11 шаб ман ба суроғи бародарам ба милисахона рафтам. Ӯро дар вазъи бад ба мо доданд», — гуфт бародари Акмал. Баъдтар ташхис нишон дод, ки устухонҳои пойи Акмал шикастааст ва 14 июл ӯро дар Тошканд ҷарроҳӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *