Мусовии мунтахаби ҷавонон бо Фаластин

Мунтахаби ҷавонони 23-солаи Тоҷикистон (U-23)  бозии нахустинашро бо мунтахаби Фаластин дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё -2018 мусовӣ – 2:2  анҷом дод.

Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, шогирдони  Ҳаким Фузайлов дар ҷараёни бозӣ бо ҳисоби 0:1  ва 1:2 бохта истода, тавонистанд ҳисобро баробар намоянд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон , ки дар гурӯҳи «Е» -и марҳилаи  интихобии чемпионати Осиё -2018 қувва меозмоянд, ба тӯби дар дақиқаи 18-ум аз тариқи зарбаи ёздаҳметра воридкардаи фаластиниҳо баъди панҷ дақиқа тӯби ҷавобӣ заданд. Ин тӯбро Фирдавс Чақалов пас аз партофти ҳамдастааш Эҳсони Панҷшанбе бо сар вориди ҳарифон кард. Қисми якуми ин вохӯрии шавқовар 1:1 шуд.

Дар дақиқаи 51-уми қисми дуюм сардовари мусобиқа автоголро ба қайд гирифт. Зоир Ҷӯрабоев тӯби аз кунҷ равонакардаи фаластиниҳоро уҳда карда натавонист ва онро ба дарвозаи худашон зад. Аммо дар дақиқаи 75-ум ҳуҷумкунандаи мунтахаби мо Амирҷон Сафаровро дарвозабони фаластиниҳо зада аз пой афтонд. Сардовар бо нуқтаи 11 метр ишора намуд. Ин зарбаи ҷаримавиро капитани мунтахаб Нозим Бобоҷонов ба ҳадаф расонд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии дуюмашро 21 июл соати 16.30 бо мунтахаби Бангладеш доир менамояд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *