Медали 6 афгондухтар дар мусобиқаи байналмилалии роботсозӣ

Шаш хонандаи афғон, ки пештар мақомоти ИМА барояшон раводид (виза) надода буданд, дар мусобиқаи байналмилалии роботсозӣ (FIRST Global Challenge) дар шаҳри Вашингтон соҳиби медал шуданд.
Ба дастаи Афғонистон медали нуқраи «Барои мардонагӣ» ҳамчун рамзи эътирофи иродаи расидан ба ҳадаф ҳатто дар шароити номусоид тақдим шуд. Медали тилои ин бахш насиби хонандаҳои Судони ҷанубӣ гашта, медали биринҷиро дастаи Умон соҳиб шуд.

Ибтидои моҳи июл мақомот дар пайи ташдиди сиёсати раводидии президент Доналд Трамп хонандаҳои чанд кишвари мусулмоннишин, аз ҷумла Афғонистонро ба Амрико роҳ надоданд. Вале баъдтар президент мавқеи худро нармтар кард ва хонандаҳои афғон низ ба ИМА роҳ ёфтанд.

Медали тилои асосии мусобиқаро тими Аврупо ба даст оварда, медали нуқра насиби хонандаҳои Лаҳистон шуд. Мақоми севумро дастаи Арманистон касб кард. Дар ин мусобиқа ҷамъан хонандаҳои беш аз 150 кишвар иштирок доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *