Саид падару модарашро мурдакӯб кард

Ман Роҳила, 27 -сола. Дар синни 18 солагиям маро ба писари холаам ба шавҳар доданд. Шавҳарам писари хурди хонадон аст, аз ҳамин сабаб падару модараш нозу нузашро бардошта, ӯро бисёр эрка кардаанд. Шояд ҳамин эркатулфор кардани волидонаш боис гаштааст, ки Саид ягон касро писанду манзур намекунад. Авбош ва каждумзабон аст. Ҳамеша арақ нӯшида ба хона меомад ва маро дашномҳои қабеҳ дода, бе ягон сабаб зери мушту лагад мегирифт. Як рӯз масту аласт омада бо доду фиғон хонаро ба сараш бардошт. Падараш сари қаҳр ӯро як шаппотӣ заду дар бало монд. Саид маро монда, падару модарашро зери мушту лагад гирифт ва бечора пиру кампирро чунон бераҳмона зад, ки сару рӯяшон пур аз хун шуд. Хостам хусуру хушдоманамро аз чанги писари нохалафашон халос кунам, аммо зӯрам нарасид. Саид маро то хонаи ҳамсоя сур карда, ба мардум кинои бе пул нишон дод. Пас аз ин ҳодиса вай бо мо ҳатто хайрухуш накарда ба Русия рафт. Гумон доштем, ки дар мулки бегона азоб кашида, ба қадри падару модар ва зан мерасад, аммо хаёламон хом баромад. Дар Русия низ вай бо авбошон ҳамроҳ шуда, як одами бегуноҳро ба қатл расонидааст. Саидро ҳабс карданд. Вай аз маҳбас ба ман занг зада талоқамро дод. Аз байн ду сол гузашту як рӯз ҳамроҳи янгаам ба бозор рафта, тасодуфан бо як ҷавонмарди ваҳдатӣ шинос шудам. Мард бо як нигоҳ маро маъқул карда, гуфт, ки ду духтар дорад ва ҳамсараш ба бемории саратон гирифтор буда, кӯдаконро нигоҳубин карда наметавонад, агар розӣ бошам, маро ба занӣ мегирад. Мани сода ба қавлу қасамаш бовар карда, розигӣ додам, вале баъд маълум шуд, ки ҳама гапҳояш дурӯғ будаанд. Занаш солиму бардам будааст, вале ба хотири маро ба дом афтонидан вай ҳамсарашро касалии саратон бароварда, бардурӯғ ба марг маҳкум намудааст. Ҳамсараш барои дузанагӣ ӯро ба суд дод. Ҳамин тавр шавҳари дуюмам низ ба пушти панҷара нишаст ва мани сарсахт боз бо номи бади бевагӣ ба хонаи падару модарам баргаштам. Ба хотири бахт тамоми тилловориҳоямро фурӯхта, адвокат гирифтам ва дар бадали 3 моҳ шавҳарамро аз маҳбас озод намудам, аммо…

Ин марди кӯрнамак қадри ҷонбозиҳои маро надониста, ҳамагӣ як ҳафта баъди ба озодӣ баромаданаш бе ному нишон ғайб зад ва ҳафт моҳ боз бедарак аст.

Ба бонувон гуфтаниям, ки дар зиндагӣ мисли ман зудбовару хомхаёл нашаванд ва бо ҳар марди пешомада, ошноӣ накунанд, зеро оқибати саросемагӣ дар интихоби ҳамсар пушаймонию бадномӣ асту халос!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *