Чаро қувваи марди пир кам мешавад?

Мардони зиёде, хусусан мардони калонсол дар фикри онанд, ки чӣ гуна рағбати ҷинсии худро зиёд намоянд. Биёед, якҷоя усулҳои беҳтар сохтани ҳаёти маҳрамонаи зану шавҳарро дида мебароем.

Агар қувваи мард кам бошад

Барои баланд бардоштани рағбати ҷинсӣ воситаҳои зиёде аз қабили машқҳои ҷисмонӣ, доруворигӣ ва бо усули ҷарроҳӣ вуҷуд доранд. Дар сурати андаке кам будани рағбати ҷинсӣ аз гиёҳоб истифода бурдан мумкин аст. Як қошуқ тухми юнучқа ва 200 мл майи сурхро ним соат дар буғоб ҷӯшонида, нӯшидан  кофист, ки мард худро шери жаён эҳсос намояд. Решаи гиёҳи шамшергиёҳро низ дар як истакон оби ҷӯшида дам партофта, нӯшидан қувваи мардиро зиёд мекунад.

 Вақте ки зан аз оғӯши мард мегурезад

Набудани рағбати ҷинсиро дар зан табибон як намуди иллати равонӣ мешуморанд. Мувофиқи омор чунин мушкилӣ 25% бонувонро азият медиҳад. Аксаран паст будани рағбати ҷинсӣ дар бонувоне дида мешавад, ки таҷовузро аз сар гузаронидаанд. Дар баъзе ҳолатҳо сабаб дар бемориҳои ҳормонӣ ё венерикӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он, камхунӣ, менопауза, руҳафтодагӣ  низ буда метавонад.

Барои ба худ омадани зани ҷогаҳгурез дорувориҳои зиёдеро дастрас кардан мумкин аст. Аз ғизоҳо гӯшт, моҳӣ, тухм, панири сахт, авокадо, чормағз, шарбати алоэ, карами баҳрӣ, кокос, себ, шоколади талх, анҷир ва асал табъи бонувонро болида гардонида, шавқу ҳаваси шаҳвонии занро бедор карда метавонанд. Донаки кадуи муқаррарӣ низ метавонад дили занро ба мард гармтар созад.

Сирри «паланги маст»

Паст будани рағбати ҷинсӣ хусусан дар мардҳо сабабгори баъзе бемориҳои эндокринӣ ва равонӣ мегардад. Барои он ки мард ҳамеша мард бимонад, бояд ба хасташавӣ роҳ надиҳад. Камтар аз 6 соат хобидан ба саломатии мард зарар дорад. Хоҳед, ки шавҳаратон дар бистар паланги маст бошад, бештар ба ӯ хӯрокҳои аз растаниҳои лӯбиёӣ пухташуда, панир, малина ва гӯшти гов диҳед. Ин маҳсулот организмро аз сафедае, ки боиси коркарди миқдори зарурии тестостерон мегардад, ғанӣ мегардонад. Карам, себ ва хуч – сарчашмаи бебаҳои витамини С буда, барои саломатии мардон хеле муҳим аст. Сирпиёз, бодом ва шир низ мардро нерӯ мебахшад.

 Ғизое, ки шавқу рағбатро меафзояд

Ғизо дар саломатии мард нақши бисёр муҳим дорад. Ба мардон бештар истеъмоли маҳсулоте фоидабахш аст, ки дорои сафедаи зиёд бошад, масалан, чормағз ва писта. Аз меваҳо лимӯ ва анҷир рағбати шаҳвонии мардро меафзоянд. Замбӯруғ, фалла,  кефир, йогурт, сиркои май, моҳии равғанин, авокадо, равғани зайтун, каҳзак, афлесун, тарбуз, шафтолу, банан, тухм ва гӯшт ҷисми мардро қувват бахшид, оташи шавқу ҳавасро дар дилаш аланга медиҳанд. Марде, ки мехоҳад ҳамеша ҷавон ва пурқувват бимонад, бояд аз сигор даст кашида, хӯрокҳои шӯр ва дудхӯрдаро камтар истеъмол кунад. Фаромӯш накунед, ки ҳасибчаву машруботи спиртӣ мардро ба латта табдил медиҳад.

 Витамини рағбатовар

Витамине, ки барои беҳтар шудани қувваи мардӣ мусоидат мекунад, витамини Е аст. Он мушакҳои заифро нерӯ мебахшад. Барои ба даст овардани миқдори даркории ин витамин мард бояд ба хӯроки худ равғани растанӣ, тухми мурғ ва бедонаро илова намояд.

Дар баробари витамини Е барои мардон витамини С низ муҳим аст. Ин витаминро аз таркиби карам, меваҳо, бутамева, хуч дастрас кардан мумкин аст.

Витаминҳои гурӯҳи В кори системаи асабро беҳтар месозанд. Миқдори зиёди витаминҳои В1 ва В3 дар таркиби моҳии сурх, В6  дар таркиби нахӯд, банан ва панир мавҷуд аст. Равғани маска ва равғани моҳиро, ки айни замон аз дорухонаҳо дастрас кардан мумкин аст, фаромӯш насозед.

Воситаҳои халқиро истифода баред

Мардони доно қувваи мардии худро бе ягон дорую дармони кимиёвӣ барқарор месозанд. Садҳо воситаҳои одии халқӣ вуҷуд доранд, ки мардро шоҳмард карда метавонанд, масалан,  горчичникро дар об тар карда ба кафи пой гузоред. Ин амал гардиши хунро беҳтар ва қувваи мардиро барқарор месозад.

Як қошуқ қаҳваро бо як қошуқча баргҳои хушки лимукаҳак (лимонник) дар як истакон оби ҷӯш омезиш дода, ба рӯйи оташ гузоред. Маҳлулро ба ҷӯшонидан нарасонида, бо пайдо шудани аввалин ҳубобчаҳо аз оташ бигиред ва қабл аз ҳамхобагӣ бинӯшед…

 Бо шиками сер ба бистар надароед!

Ғизои шоми мард бояд сабук бошад, вагарна ҷисм барои ҳазми хӯрок тамоми қувваташро сарф карда, майлу хоҳиши ишқварзӣ гум мешавад. Ҳамарӯза 50 г бодом хӯрда, аз болояш асалу оби гарм нӯшед ва машқҳои сабуки ҷисмониро иҷро карда, оббозӣ кунед. Дар давоми рӯз танҳо бо хӯрок қонеъ нагашта, кам-кам мева ва маҳсулоти баҳрӣ хӯред. Фаромӯш накунед, ки хӯроки сервитамин манбаи нерӯи мардист.  Саломат бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *