Муфаттишони ФБР ба Тоҷикистон меоянд

Сафари мақомоти департаменти давлати Амрико ба Тоҷикистон бо шурӯи мурофиаи судии ҳамлагарони туристони хориҷӣ мувофиқ омад.

Дар ҳодисаи 29 июли имсол дар ноҳияи Данғара дар миёни чор туристи кушташуда, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико ҳам ба ҳалокат расиданд. Мақомоти тоҷик 17 нафарро аз рӯи ин парванда ба курсии айбдоршавандаҳо нишонда мегӯянд, ки аксари онҳо барои хабар надодан ба полис дар бораи омодагиҳо ба ҷиноят муҳокима мешаванд.Рӯзи 24 октябр Эмилиа Пума ба хабарнигорон гуфт, ки ҷониби Амрико дар ҷараёни тафтишот иштирок мекунад ва ҳам намояндагони худро ҳам ба ин кор ҷалб кардааст. Ӯ гуфт: ​“Тавре мефаҳмам, таҳқиқот идома дорад. Ҳукумати шумо бо майли тамом муфаттишони моро аз FBI — Бюрои федеролии тафтишот барои ҳамкорӣ дар ин қазия даъват карданд. Мо аз ин чиз бисёр миннатдор ҳастем. Ҳамкории мо бо ҳукумат идома мекунад. Мо дарк мекунем, ки зарурати мубориза бо терроризм вуҷуд дорад. Коре, ки ин афрод карданд, ба ҳеҷ сурат ба меҳмондӯстӣ, ҳамкорӣ ва ниятҳои неки дигар мардуми тоҷик осебе намерасонад. Мо намегузорем, ки ин ҳодиса ҳамкориҳои ҳасанаи миёни кишварҳои моро осеб расонад”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *