Шаҳриёр аз қайикронӣ тилло, Абдусаттор ду биринҷӣ гирифтанд

Тавре сомонаи Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон қабл аз ин иттилоъ додааст, варзишгари ҷавон Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло гардид. Шаҳриёр, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.

Дирӯз  мураббӣ Зоҳирҷон Набиев аз шаҳри Самарқанд мужда расонд, ки варзишгари ҷавони дигар Абдусаттор Ғаффоров сазовори ду медал гардид. Абдусаттор дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷӣ ба гардан овехт. Абдусаттор, ҳамчунин дар байдаркаи дунафарӣ ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, фардо — 25 октябр анҷом меёбад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *