Муфлис шуду худро овехт

Ҷасади як соҳибкори 39-соларо пас аз муфлисшавиаш дар шаҳри Ваҳдат овехта пайдо карданд.

Мақомот мегӯянд, бар асоси тафтиши ибтидоӣ бо эҳтимоли зиёд Муқимҷон Раҳимов, сокини деҳаи Гирдоб (собиқ Узнариқ)-и шаҳри Ваҳдат худкушӣ намудааст.Ҷасади овехтаи ӯ бегоҳи 11-уми апрел аз хонаи бародараш пайдо шудааст. Нисфирӯзии 12-уми апрел ӯро дафн карданд. Аз ӯ се фарзанд — як писар ва ду духтар — боқӣ монд.Пайвандон ва дӯстони Муқимҷон Раҳимов мегӯянд, ӯ то манъи фурӯши асъори хориҷӣ сарроф буд ва пас аз бастани саррофиҳо дар Маркази диллерӣ симкорти ширкатҳои мобилиро мефурӯхт. Ин навъи тиҷорат низ охири соли 2017 дар Тоҷикистон маҳдуд шуд ва танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯхтани симкортро пайдо карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *