Кӯрпаи Афандӣ ва нархи чиптаҳои ҳавопаймо

…Боре нисфишабии зимистон  дар кӯча  садои моҷароро шунида, Афандӣ барои сабаби онро фаҳмидан курпаашро ба пушт гирифта ба он ҷо мебарояд.

Мебинадя,  ки ду  дузд молҳои ба яғмо бурдаашонро байни ҳам тақсим мекунанду сари як гилем баҳс доранд, ки онро кӣ гирад. Вақте, ки Афандии курпадарпуштро мебинанд, яке аз онҳо чанг зада курпаи ӯро  мегираду ба ҳамроҳаш дода мегӯяд:”Ана масъала ҳал шуд, акнун рафтем” Вақте, ки Афандӣ ларз ларзон ба хона бармегардад, занаш мепурсад,ки “дар куча чӣ гап будааст?” Афандӣ мегӯяд:”Ҳеҷ гап не, моҷаро сари курпаи ман будааст,ки ҳал шуд…” айни чунин ҳодиса ҳоло ба сари муҳоҷирони тоҷик омадааст.

Пас аз як ҳафтаи созиши Тоҷикистону Русия дар масъалаи парвозҳо, нархи билети ҳавопаймо ба ду тараф боло рафт.Муқоисаи нархҳо дар ним моҳи охир нишон медиҳад, ки қимати билетҳо вобаста ба самти парвоз аз тақрибан 50 дарсад то як баробар гарон шудааст. Барои мисол, нархи билети ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии” дар масири Маскав – Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз аз 4 то 4,5 ҳазор рубли русӣ (550-600 сомонӣ) буд. Феълан дар айни ҳамин масир аз 10 ҳазор рубли русӣ (1390 сомонӣ) арзонтар чипта ёфтан ғайриимкон аст.Нархи чиптаҳо ба шаҳрҳои дигар низ ба ҳамин минвол боло рафтаанд. Тавре мушоҳида мешавад, нархи билети ҳавопаймои шикратҳои русӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон айни замон дар як сатҳ қарор доранд. Дар ҳоле ки то музокироти аввали моҳи апрел дар Маскав қимати чиптаҳои ҳавопаймоҳои русӣ нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон каме арзон буд.Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав, ки аз 12-уми март шурӯъ гашта буд, рӯзи 5-уми апрел бо созиши ҷонибҳо хотима ёфт. Тарафи Тоҷикистон ба ҳамаи парвозҳои дархостии ширкатҳои Русия, аз ҷумла “Уралские авиалинии” иҷозат дод.Муҳоҷирони тоҷик ҳоло ақида доранд,ки чун  ширкатҳои ду ҷониб  сари нарх ба як хулоса омаданд, яъне русҳо нархи худро мисли ширкатҳои тоҷикӣ боло бурданд, ҳамаи масъалаҳои баҳсӣ хотима ёфтанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *