Муфтӣ Чӯбак: Наврӯз иди кофирон аст!

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов, ки бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш ном баровардааст, дар як мавъизаи нави худ Наврӯзро иди кофирон ва таҷлилашро барои мусалмонон ҳаром номидааст. Дар Тоҷикистон низ ин баҳс, ки Наврӯз ва Соли навро ҷашн бигиранд ё на?, солҳо боз идома дорад.

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов аз мусалмонони қирғиз даъват кардааст, ки Наврӯзро ҷашн нагиранд. Ба ақидаи ин рӯҳонӣ, ки бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш ном баровардааст, Наврӯз иди кофирон аст ва таҷлили он барои мусалмонон ҳаром аст.

Анарбек Усупбаев, як намояндаи равияи тенгрианӣ, ки хостори бозгашти халқҳои кӯчманчии Осиёи Марказӣ ба дину ойинҳои тоисломиашон мебошанд, ин суханони муфтиро ба боди интиқод кашида, як намунаи дигари сӯи таҳаммалуи рӯҳониёни мусалмон нисбат ба ойинҳои миллӣ номидааст.

Аммо Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар мавъизаи навбататиаш хитоб ба Усупбаев гуфт: «Як кофир маро танқид кардааст. Ман дар посух ба ӯ мегӯям, ки вақте сухан дар ин бора меравад, ки Наврӯз набояд ҷашн гирифта шавад, манзури ман, мусалмононанд, на кофире мисли вай.”

Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов 43 сол дошта, солҳои 2010-2012 муфтии Қирғизистон буд. Ӯ қаблан ва ҳатто дар замони муфтӣ буданаш низ аз мардум даъват мекард, то «идҳои кофирон”, аз ҷумла 8 март, Наврӯз ва соли нави мелодиро ҷашн нагиранд.

Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар масоили дигар низ чунин мавъизаҳои баҳсбарангез зиёд дорад.

Ӯ аз ҷумла моҳи ноябр дар як суханрониаш эълон кард, ки зани дуюм гирифтааст. Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов, ки қаблан ҳам аз бисёрзанӣ пуштибонӣ мекард, талаб кард, то дар Қирғизистон ба бисёрзанӣ иҷозат бидиҳанд: «Дар Қирғизистон шумораи занони бешавҳар назар ба мардон 58 ҳазор бештар аст. Онҳо интихоби зиёде надоранд: Ё шавҳари хитоӣ кардан, ё бе шавҳар мондан ваё зани дуюм шудан. Яъне 58 ҳазор мард бояд зани дуюм бигиранд.”

Ин изҳороти муфтии собиқ дар бораи зани дуюм гирифтанаш ба мавҷи вокуниши манфии бахусус ҳомиёни ҳуқуқи занон рӯбарӯ шуд ва чанд созмон аз додститонӣ даъват кард, то қазияи зани дуюми Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалиловро таҳқиқ кунад. Муфтии собиқро барои бозпурсӣ ба додситонӣ даъват карданд, вале натиҷаи таҳқиқот то ҳол нашр нашудааст.

Наврӯз, ки лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз ва расидани фасли баҳор аст, дар ҳафтаи сеюми моҳи март ва дар Осиёи Марказӣ рӯзи 21 март таҷлил мешавад. Наврӯз дар чандин кишвар, аз ҷумла дар Эрон ва Афғонистон соли нави расмӣ ба шумор рафта, ҳамчунин дар кишварҳои зиёде аз Боснияву Гурҷистон то Осиёи Марказӣ ва Шинҷони Чин, аз минтақаҳои мусалмоннишини Русия бо Ҳинду Покистон ҷашн гирифта мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *