Қазоқистон дар фасодкорӣ ба Озорбоҷон ва Молдова баробар шуд

Қазоқистон дар соли 2017 дар Шохиси дарки фасод нуҳ зина боло рафт, хабар медиҳад созмони байналхалқии Transparency International.

Миёни 180 кишвар Қазоқистон (дар мақоми 122) аз ҳамсояҳояш амсоли Қирғизистон — 135, Русия — 135, Ӯзбекистон — 157, Тоҷикистон — 161 ва Туркманистон — 167 пеш гузашт.

Дар раддабандии соли 2016 Қазоқистон мақоми 131-ро касб карда, бо Эрон, Непал, Русия ва Украина дар як радиф қарор дошт.

Бар асоси ин раддабандӣ Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Норвегия ва Швейтсария дар панҷгонаи аввал шомил шудаанд. Аммо Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Афғонистон ва Яман бадтарин нишондиҳандаро доштаанд.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки фишори созмонҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ба сатҳи баланди фасодкорӣ рабт дорад. Сарфи назар аз талоши мубориза бо фасод дар саросари ҷаҳон, бисёре аз кишварҳо ба кундӣ ба дастовардҳо ноил мешаванд», — омадааст дар гузориши Transparency International.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *