Муфтиёт имом будани боздоштшударо рад кард

Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон иттилоъ дар бораи «боздошти як имом дар ноҳияи Узген бо маводи мухаддир»-ро рад кард.

Дар ин бора сухангӯи Идораи маънавии мусалмонон Максат Атобоев хабар дод. Ба гуфтаи вай, боздоштшуда ҳеч гоҳ ба ҳайси имом фаъолият накардааст ва ба қозиёти ноҳия ҳам ҳеч рабте надорад.

«Мо ин иттилоъро аз мақомоти умри дини ноҳия ҷустуҷӯ кардем. Марди боздоштшуда ҳаргиз ба ҳайси имом фаъолият накардааст», — гуфт Максат Атобоев.

Пештар аз ин мақомоти корҳои дохилии вилояти Ӯши Қирғизистон хабар доданд, ки шаби 26 октябр кормандони пулис дар деҳаи Жилалдӣ марди 37-соларо бо 37,6 грам ҳашиш боздошт карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *