«Султони Кабир»: ваъдаҳо зери тоқӣ монданд

«Султони Кабир»-е, ки восеъгиҳо мавриди истифода қарор гирифтанашро бо ҳузури Сарвари давлат хеле хуш истиқбол карданд, имрӯз соҳибкорони бузургу майдафурӯшон аз паҳлуяш рӯй гардонида, убур мекунанд.

Таваҷҷуҳи ҳар мусофир ё меҳмонеро, ки аз маркази ноҳияи Восеъ мегузарад, бинои сеошёнаи муҳташами  Маркази савдои  «Султони Кабир» ва бозори марказии ноҳия, ки дар масофаи  500-600 метр дур аз он воқест, ба худ мекашад. Бозори марказӣ чун солҳои пешин пур аз фурӯшандаю дӯкону мағозаҳои соҳибкорони хурд ва дигар нуқтаҳои хизматрасон буда, кас аз байни онҳо нафари дигарро тела дода мегузарад. Замини бозорро сангреза рехтаанд, ки минбаъд дасти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба мумфарш карданаш кӯтоҳӣ кардааст,  дар рӯзҳои барфу борон мушкилоте барои бозорнишинҳо эҷод мекунад. Аммо ҳама ба хотири беҳбудии рӯзгор ба мушкилот тоқат мекунанд.

Аз чӣ бошад, ки соҳибкорону савдогарон барои ризқёбӣ Маркази савдои «Султони Кабир»-и ҳозиразамонро хуш накардаанд. Аниқтараш муддати кӯтоҳе он ҷо рафта тиҷорат намуданд, нуқтаҳои савдояшро ба иҷора ҳам гирифтанд, вале ба сабукиҳои додаи роҳбарияти Маркази савдо нигоҳ накарда, боз ба бозори куҳна баргаштанд. «Султони Кабир»-е, ки восеъгиҳо мавриди истифода қарор гирифтанашро бо ҳузури Сарвари давлат хеле хуш истиқбол карда буданд, имрӯз ангуштшумор мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорону тоҷирон гардидааст.

— Сабаби асосиаш аз маркази ноҳия дур ҷой гирифтани «Султони Кабир» мебошад, — мегӯяд роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ Қурбонзода Сафаралӣ Раҳмат. – Ба он ҷо бору маҳсулотро бурда, савдо кардан мушкилот ба миён меорад.

— Вақте бозор дар назди хонаамон бошад, чаро ба «Султони Кабир» барам? – ба саволам бо савол ҷавоб гуфт як мӯйсафеди бозорнишин. -Ароба  ё мошин надорам, ки бор карда ба он ҷо расонам. Хароҷоти зиёдатӣ ба кӣ мефорад?

— Дар ҳамин бозор маҳсулотамро базӯр мехаранд, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд зане, ки дар пешаш табақи пур аз пирожки харидорро интизор буд. – Акаҷон, марҳамат ба пирожкии сергӯшти навпухта, 3 донааш 1 сомонӣ…

Ваъдаҳо, ваъдаҳо

Биёед ба ёд орем, ки панҷ сол пеш, аниқтараш 28 октябри соли 2013, масъулони  «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ ҳангоми ифтитоҳи ин муассисаи барои мардуми ноҳия хеле зарур дар назди Сарвари давлат чӣ ваъдаҳо дода буданд?

Аз ҷумла гуфта буданд, ки дар Маркази савдо ва хизматрасонии «Султони Кабир», ки дар масоҳати 4 гектар бунёд карда шудааст,  4,5 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд. Дар коргаҳи дӯзандагии марказ, ки алҳол 350 зан фаъолият доранд, оянда дар ду навбат 1000 бонуро ба кор фаро мегиранд. Моҳонаи дӯзандаҳо 600-700 сомонӣ буда, шогирдонашон 400 сомонӣ музди меҳнат хоҳанд гирифт. Дар толори мунаввари варзиш 20 нафар ба хоҳишмандон намудҳои варзишро меомӯзонанд. Умуман, дар ду толори варзиши муассисаи навбунёд то 1000 нафар ба варзиш машғул шуда метавонанд.

Айни замон (то рӯзи ифтитоҳи марказ) 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд (?!). Барои сохтмони марказ 18 млн. сомонӣ сарф шуда, то охири  сохтмон ин маблағ то 30 млн. сомонӣ хоҳад расид.

 То имрӯз кадоми ин гуфтаҳо амалӣ гардиданд?

Ин иншооти бузург дар замини ҳосилхезе бунёд гаштааст, ки сокинони ноҳияи Восеъ метавонистанд аз ҳосили сабзавот ё меваҷоти он баҳра бардоранд ва як гӯшаи рӯзгорашонро обод созанд. Вале афсус, ки баъзе аз соҳибкорон хок ба чашми мардум мепошем. Чунин иншооте, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон лентаи онро буридаанд кам нестанд. Дар оинаи нилгун, саҳифаи рӯзномаҳо соҳибмулкон худро бо ифтихор дар паҳлуи Пешвои миллат қарор медиҳанд, ин аксҳо дар дар шакли қолинчаю портретҳо девори хонаю коргоҳашонро ороиш медиҳанд.

Хуб мебуд, ки бо хатҳои зарҳалин соҳибкорон ва масъулини шаҳру ноҳияҳо ваъдаҳои худро дар девори хонад коргоҳашон сабт мекарданд, то ки ҳар замон ваъдаҳои ба Роҳбари давлат додаашон фаромӯш намегардид.

Э. НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *