Мухлисони тоҷик занозанӣ карданду…

Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон.  Рӯзи 7 апрел дар рафти мусобиқаи ушу-санда дар шаҳри Якутск  — пойтахти ҷумҳурии Саха-Ёқутистони Русия пас аз пирӯзии як варзишгари тоҷик бар варзишгари маҳаллӣ байни мухлисони тоҷик ва маҳаллӣ занозанӣ сурат гирифт. Мухлисони маҳаллӣ, ки шуморашон ба маротиб бештар буд, мухлисони тоҷикро дар кунҷи толор танг карда, зери мушту лағат гирифтанд.

Тавре  сомонаи “Ахбор”иттилоъ  додааст, мусобиқаи ушу-санда дар толори «Небесная река”-и шаҳри Якутск 7 апрел ба занозанӣ расид. Георгий Балакшин, вазири варзиши Ёқутистон дар шарҳи ин ҳодиса ба хабаргузории маҳаллии ЯСИА гуфтааст: «Баъди он ки варзишгар аз Тоҷикистон намояндаи Ёқутистонро шикаст дод, баъзе мухлисони  тоҷик густохона рафтор карданд, ки ин ба дигарон  нафорид. Муноқиша дар амал аз ҳамин сар шуд. Аммо вазъиятро зуд ором карданд ва ҷонибҳои муноқиша нисбат ба якдигар даъвое надоранд.”

Ҷамъияти тоҷикони Ёқутистон – «Сомониён” ҳодисаро шарҳ надодааст, вале Тургун Попов, роҳбари бошгоҳи варзишии «Ураанхай” дар ин занозанӣ мухлисони варзишгари тоҷикро гунаҳкор кардаст. Вале Тургун Попов афзуд, ки муноқиша зиёд тӯл накашид: «Ҳама ба зудӣ ором гирифтанд. Мо бо роҳбарони тоҷикҳо суҳбат кардем ва муноқиша тамом шуд. Дар охир ҳама ба ҳамдигар даст доданд.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *