Толеънома барои имрӯз 10 апрел

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз шуморо навигариҳои ногаҳонӣ мушаввашмесозанд. Нимаи дувуми рӯзкаме мушкилот дар кор сар мезанад.Саломатиатон имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

 

                                     Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз нафарони наздикатонхеле серташвиш мешаванду таъсираш ба шумо низ мерасад. Хушбахтона шумо хеле дертағйиротҳоро ҳис мекунед ва то даме ба худ меоед, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣовардааст. Нияту нақшаҳои худро ба ҳама нагӯед, вагарна ғайбатчиёну бахоҳонсади роҳатон мегарданд.

 

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи мувофиқ барои оғози шиносоии нав ва ё ҳамкории ҷадид. Барои пешравфти кор набояд фикри худро дар мадди аввал гузоред. Дар муошират бо атрофиён эҳтиёткор бошед, зеро шӯхии ноҷои шумо метавонад боиси озори касе гардад, ки бароятон азиз аст

Саратон (22 июн- 22 июл)

Вақти мусоидест барои гузаронидани маъракаи хайру худоӣ ва саховат. Дар ҳаёти шахсии шумо воқеае рух намедиҳад, вале дилатонхуд ба худ хавотир мегардад. Танҳо бо дастгирии аҳли оила ва дастгирии дӯстонҳаяҷону изтиробро аз дил дур мекунед. Ин шомро барои хонавода ва истироҳати худ гузаронед,вале волидонро фаромӯш насозед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҳодисаерух медиҳад, ки аз диданаш ором истода натавониста, лаҷоми корро ба даст мегиред. Хушбахтонасабру таҳаммули шумо басанда аст, ки дар баъзе ҳолатҳои асабхаробкунанда муштроба кор набаред. Каме ором шуда, баъдан аз пайи корҳоятон шавед. Дар суҳбат бошахсони наздик мулоимгап бошед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯзтамоми корҳо бобарор анҷом меёбанд, вале нимаи дувуми рӯз яку якбора вазъият комилан тағйир меёбад. То охирирӯз дар ҳаётатон тағйиротҳо ба вуҷуд меоянд. Фаромӯш насозед, ки дар дунё шахси бегуноҳро пайдокарда намешавад ва кӯшиши касеро ба роҳи рост ҳидоят намуданро накунед, вагарнабарои худ душман мехаред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз барои гирифтани қарз мусоид меояд. Аз пешниҳоди корӣ даст накашед, аз тағйиротҳонаҳаросед. Дар ҷойи кор аз эътирози сардор ва хурдагириҳои ҳамкорон асабӣнашавед. Охири рӯз вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда, шумо бо таҷрибаи андӯхтаатонзиндагиро бо нигоҳи дигар оғоз мекунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дарҳаёти шумо ва шиносу наздиконатон тағйиротҳои калон рух медиҳанд. Шумонаметавонед бесарусомонии атрофатонро манъ созед. Тамоми кӯшишатон бефоидаанҷом меёбад ва дар натиҷа асабӣ шуда ҷойи нишаст намеёбед. Баъди он ки вазъиятрӯ ба беҳбудӣ меорад, шукрона мекунед, ки кореро ба хости худ анҷом надодаед,вагарна бар зарари худ амал мекардед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Агар каме кӯшиш ба харҷ диҳед, корҳои зиёдумушкилоти пулии худро ҳал мекунед. Аз ин рӯз сар карда, дар ҷойи кор, оила,муносибатҳои оилавӣ чанд ҳодисаи ногаҳонӣ рух медиҳад. Ҳар ҳодисае рух надиҳад,ҳеҷ гоҳ худро аз дигарон кам набинеду паст назанед. Ба яъсу ноумедӣ дода нашавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ҷаддиҳо давоми рӯз бояд ҳама кӯшиши худро ба кор ва корхона равона кунанд. Дар сурати ғайр ба хатогие роҳ доданашон мумкин, ки боиси аз кор ранда шуданашон мегардад. Муносибатҳо бо дӯстдоштаатон хуб пеш мераванд, эҳтимол вай пешниҳоде мекунад, ки қабули он зиндагиатонро кллан тағйир хоҳад дод

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имкони ба даст овардани пули калон мавҷуд аст, ба шарте, ки танбалӣ накарда, сидқан меҳнат намоед.Теғи забонатон метавонад ниҳоли бахтатонро решагардон намояд. Навозиши гармбақои оиларо устувор месозад. Охири рӯз даромади на он қадар калонро интизорбошед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Фикри қарзи бафоиз гирифтанро аз саратондур намоед, то ба ботлоқи қарздорӣ наафтед. Бо пули калон дар кӯчаю бозоргаштанро ба ҳутњо маслиҳат намедиҳем. Пайдо шудани дўстони нав имкониятҳоишуморо афзун менамояд. Дари бахту барор ба рўйи ҳутҳо кушода хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *