Муколама дар бораи вируси норасоии масъунияти одам

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории норасоии масъунияти бадан (БНМБ)-и вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждань, вохўриро сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсат подполковник Зуҳриддин Нуралиев бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонро ба ҳозирин шинос карда ва барои идомаи сўҳбат суханро ба мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории норасоии масъунияти бадан (БНМБ) -и вилояти Суғд Азизахон Ниёзматова медищад. Зимни суханронии худ Азизахон Ниёзматова вобаста ба пешгирӣ ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла БНМБ дар ҷомеа ба ҳозирин бо факту далелҳо маьлумот пешниҳод намудааст.

— Дар рафти вохӯрӣ дар бораи вируси норасоии масъунияти одам муколама байни ҳайати шахсӣ ва намояндаи Маркази ёдшуда баргузор гардид. Дар поёни вохӯрӣ барои иштирокдорон маводҳои омўзишӣ дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ тақсим карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *