Ҳамсари генерал Ҳамроқулов даргузашт

Робиа Тағоева, ҳамсари генерал — майори мустаъфӣ Худойқул Ҳамроқулов, собиқ раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон аз дунё гузашт.

Робиа Тағоева яке аз бонувони сиёсатмадор, ходими давлатӣ ва чеҳраи маъруф дар замони шӯравӣ ва имрӯз маҳсуб меёбад. Марҳум 80 сол дошта, чанд муддат боз аз беморӣ ранҷ мекашид.

Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 4-уми декабр, соати 12 дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Дар инҷо мусоҳибаи рӯзноманигор Шариф Ҳамдампурро бо Робиа Тағоева дар соли 2011 таҳти унвони “Занонро сарзаниш не, ситоиш мебояд”, ки дар китоби “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст” ворид гардидааст, манзури хонандагон мегардонем.   

Занонро сарзаниш не, ситоиш мебояд

Суҳбат бо Робиа Тағоева – бонуи сиёсатмадор, ходими давлатӣ ва чеҳраи маъруф

–   Бисёре аз шахсиятҳои сиёсии кишвар хизматҳои шуморо хоҳ дар  замони шӯравӣ бошад, хоҳ дар  ибтидои шаклгирии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, хуб арзёбӣ кардаанд. Ҳатто Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми супурдани тасдиқоти унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки «Робиа Аллаёровна муаллимаи ман аст». “Муаллима” гуфтани Президент рамзи эҳтиром аст ё воқеият дорад?

– Дар ҳақиқат фаъолияти кории ман аз омӯзгорӣ оғоз ёфта, дар синфҳои ибтидоӣ  ба он кас дарс гуфтаам. Президент ҳамеша «муаллима» гуфта ба ман рӯй меоварданд. Ман аз ин ифтихор мекунам. Ва самимона, аз таҳти дил мегӯям, ки Президентамон  муаллиф, асосгузори мактаби ба ҳам овардани миллате мебошад, ки дар вартаи парешонӣ қарор дошт. Инро тамоми ҷомеаи ҷаҳон эътироф кардааст. Ёд дорам бо ғалаба аз Хости Афғонистон баргаштани Президентро. Бо ҳаяҷони зиёд он касро бо ин қаҳрамониашон, ки дар таърихи миллати мо мислу монанд надорад, табрик кардам. Он вақт ҳам изҳор намуда буданд: «Робиа Аллаёровна муаллимаи ман аст».

– Шумо намояндаи  ду аср, ду сохти ҷамъиятӣ ҳастед. Дар аҳди сотсиализм  зистед, имрӯз дар даврони ба истилоҳ  сармоядорӣ қарор доред. Чӣ гуна ин ду давра, ду тарзи тафаккури мухолифи ҳам таъсир ба пиндор ва кирдори шумо доранд?

– Мувофиқ сохтани тафаккури худ ба тафаккури ҷомеа барои занҳо осонтар аст. Занҳо бар иловаи ақлу зебоӣ силоҳи дигаре доранд, ки онро эҳсос мегӯянд. Яъне, зан тавассути қалби худ набзи ҷомеаро дарк мекунад. Ман низ фарзанди замони худ ҳастам. Маро барои хизмати ҷомеаи ҳамон давр тайёр карда буданд. Ташаккули ҷаҳонбиниам дар асоси тарбияи хоси ҳамон замон сурат гирифт. Ҳамаи он чизе, ки давлат ба ман дод, вазифадор будам, ки ҳамчун қарз қабулаш карда, баъдаш ба ҷамъият бозгардонам. Унсурҳои дар ман тарбиятдодаи давлату ҳизбро бисёр содиқона, бо дили пок, бо самимият ба ҷамъият гардонда додам.

– Шумо солҳои зиёд дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси миллӣ кор кардед. Ин мутобиқшавии шумо амалан чӣ гуна сурат гирифт?

– Оҳиста  – оҳиста бо ҷавонон ҳамқад шудам. Чӣ хеле ки дар хона мебел куҳна гардида, нозарур шуда монад, ҷойи онро холӣ карда, навашро меоранд, доимо дар чунин фикр будам: ҳамин хел нашавад, ки одамон интизор бошанд, ки кай ман равам. Бо чунин андеша ба ҷомеаи нав ворид шудам, ки шояд як зарра фоидаам расад.

Вақти кор дар Маҷлиси миллӣ ҳамаи ҳамкоронам ҷавонон буданд. Чунин фикр доштам, ки ду сол кор мекунаму баъд меравам. Ба маънии томаш дам мегирам. Ба ҷойи ду сол ҳафт сол кор кардам. Бо духтарони ҷавон чунин муросову муносибат  кардем, ки ҳар пагоҳӣ назди ман даромада, маслиҳати  маро гирифта, пас  ба сари мизи кори худ бармегаштанд. Вақте аз кор рафтам, ҳамаашон бо оби чашм гуселам карданд. Рӯзе як тан аз шогирдони дорои тафаккури навам аз Амрико занг зада, ҳолпурсӣ намуд. Чунин шогирдон, ки то имрӯз ҳолпурсӣ мекунанд, кам нестанд.

–  Мебел метавонад антиквариат  бошад, ки қиматаш даҳчанд аз мебели нав болотар аст. Мисли шахсе, ки дорои дониш, таҷриба ва таҳкурсии маънавии қавӣ мебошаду ҳамеша барои ҷомеа лозим аст. Ҳаросатонро  беасос  дарёфтед?

– Бале. Мисли оне ки замоне ҷавон будаму миёни собиқадорон афтодам. Вақте ба Кӯлоб рафтам, котиби  ҷавонтарин дар Иттифоқ будам.  Фаъолони шаҳрро намедонистам. Бо ҳамин тарсу ҳарос рафтам. Аммо замоне, ки бо онҳо шинос шудем, ҳама одамони сертаҷриба ва ғамхор буданд. Баробари роҳбарӣ кардан, аз онҳо таҷриба меомӯхтам. Ойиша Сарваровна раисии комиҷроияи шаҳрро ба уҳда доштанд. Даме  атрофи ин ё он масъала суҳбат мекардем, пай мебурдам, ки то чӣ дараҷа шахси босавод аст. Баъзе паҳлуҳои масъаларо бозгӯ менамуд, ки ман намедонистам. Ба худ суол медодам, ки чаро ӯ медонаду ман не? Дар хона ҳамаи китобҳоро варақ зада, гуфтаи ҳамон занро ёфта, саъй мекардам, ки аз дигарон кам набошам. Бурди ман дар он буд, ки ҳам роҳбарӣ мекардаму ҳам омӯхтам. Инсон то охирин лаҳзаҳои умр бояд аз зиндагӣ биомӯзад. Он замон тавонистам ҳамчун мутахассиси ҷавон аз собиқадорон биомӯзам, ин замон ҳамчун собиқадор аз дастовардҳои насли ҷавон баҳравар гаштам.

– Назаре вуҷуд дорад, ки истифода аз таҷрибаи насли куҳан боиси ақиб мондани ҷомеа мегардад. То кадом дараҷа ин назар асос дорад?

– Давраи кори ҳизбӣ чунин раванде буд, ки кадрҳои ботаҷрибаро ҳампаҳлуи кормандони ҷавон нигоҳ медоштанд. Ин роҳи басо зарурист. Мабодо агар ягон ҷавон каме аз худ равад, аз одами калон ибо мекунад, шарм медорад. Ҳеҷ набошад, калон ба хурд насиҳат мекунад, ки каме вазнинтар шавад, сабукӣ накунад. Мо аз содиқ будан ба ҷамъияте, ки дар хизмати он будем, бурд кардем. Самимият омили муҳим аст. Ашхоси носамимӣ фазои ахлоқии ҷомеаро коста мекунанд. Амалашон хилофи гуфтаҳояшон аст.  Дар рӯ як гап мегӯянду дар пас кори дигар мекунанд.

– Чаро? Решаи ин  рафтори номатлуб  дар куҷост?

– Намедонам аз чӣ бошад. Шояд бепарвои нисбати рафтори ҷавонон ба чунин ҳолат овардааст, ки адабу ахлоқ коста шуда, ҷомеаро пешорӯи вартаи афтодагӣ қарор додааст. Замоне мо тарбия ёфтем, дар хона падару модарамон, дар кӯча шахсони куҳансол,  дар мактаб муаллимамон аз боби адаб ҳарф мегуфтанд. Ба рафтори нодурусти мо бепарвоӣ зоҳир намекарданд. Ҳоло покизагб, тоза будан камарзиш гардидааст. Нафарони ношукр сершуморанд. Баъзе амалдорон масъулияти базиммадоштаи худро то охир иҷро намекунанд. Дар сари вазифа сиёсати давлатро тарғиб мекунанд, лекин дар рӯзгори шахсиашон духтари худро баъди синфи ҳашт ба мактаб рафтан намегузоранд. Ё аз минбар як чиз мегӯянду пинҳонӣ дари хонаи муллоро мекӯбанд. Аз дурӯя роҳбар ё коргари хуб интизор шудан об дар ҳован кӯфтан аст.

Диндорӣ  ҳам худнамоӣ гардидааст. Замони ҷанги  шаҳрвандӣ баъзеҳо мотами шахсии худро тавассути телевизион барои  расидан ба ҳадафҳои сиёсиашон  намоиш медоданд. Чӣ гуна як узви оилаат мефавтаду ту ҷониби дастгоҳи наворбардор истода навҳаву фиғон мекунӣ?! Чунин амалро қабул надорам.

Ҷавононе, ки имрӯз кори худро танҳо масҷидравӣ медонанд, дар камолоти маънавии худ маҳдуд мемонанд. Бигзор фароизи динии худро анҷом диҳанд, лекин аз пешрафтҳои технологӣ дар канор набошанд. Вақте Президент мавзӯи маорифро ба миён гузошт, ҳама рӯ ба мактаб оварданд. Шахси аввал талаб намуд, ҳама мустаҳкам часпиданд. Президент масруфи корҳои бузурги давлатист. Вақти он расидааст, ки ҳар роҳбар ташаббускор бошад, мустақилона мушкилоти бамиёномадаро ҳал кунад. Нек ояд аз худу бад ояд аз Президент надонад. Ин аст садоқат.

– Дар мавзӯи садоқат  ҳарф задед. Президент,  воқеан, содиқона  сухан мегӯяд. Аммо эҳсос мешавад, ки садоқати баъзе аз роҳбарон дар сухан аст, на дар амал. Барояшон муҳим он аст, ки гӯр сӯзаду дег ҷӯшад…

–   Агар ҳамаи масъулони давлатӣ мисли Президент  дилсӯз бошанд, кор ранги дигар хоҳад гирифт. Он насле, ки ҳамроҳи мо тарбия ёфтанду ба камол расиданд, ҳамагӣ тарафдори гуфтаҳои Президентанд. Лекин, афсӯс, синну соламон ба ҷое расидааст. Дар як маҳфил  Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзо Бобоевич ба Президент муроҷиат карда чунин гуфтанд: «Як афсӯс мехӯрам, як доғи дил дорам: ҳайф, ки қуввату мадор надорам, ки баробари шумо  истода хизмат кунам».

– Дар бораи ватанпарварӣ, муҳаббат ва садоқат ба Ватан бисёр мегӯянд. Чӣ бояд кард, ки садоқат ба Ватан бештар пайдо шавад, ташаккул  ёбад?

– Парвариши  эҳсоси ватанхоҳӣ кори якрӯза  нест. Мо ҳам дар оила калон  шудем, дар мактабу таълимгоҳи  олӣ таҳсил кардем. Оила, мактаб ва донишгоҳ низом дошт. Гӯем, ки ҷанг фазои ахлоқию маънавии ҷомеаи моро латма зад, хато хоҳад буд, зеро дар дигар кишварҳое, ки даҳшати ҷангро аз сар нагузаронидаанд, низ таназзули ахлоқӣ ҷой дорад. Аз ҳад зиёд низоми тарбиявӣ ва ахлоқии замони сотсиалистиро таъриф кунем, ба хумор нисбати гузашта айбдор мекунанд. Ба ҳар ҳол, як абзори сарҷамъкунанда бояд бошад, ки муносибат, тарбия ва рафторро бомизон ва муаддабона самт диҳад. Таблиғи ҳисси муҳаббат нисбати рамзҳои давлатиро ҷиддитар бояд ба роҳ монд.

Аз  минбари телевизион шеърҳои саршор аз меҳр ба Ватан садо медиҳанд, эҳсоси фитрии ватандӯстии маро ба ҷӯш меоваранд. Як лавҳаи телевизионӣ бароям басо мақбул аст, чун онро тамошо мекунам,  чашмонам пури об мешавад: Парчами миллӣ  партавфишон асту кӯдаке сӯйи он нигариста, қоматашро рост мекунад. Ин ҳолати саршори ифтихор аз фардои накӯи миллату Ватанамон гувоҳӣ медиҳад. 

– Шумо дар бораи гузаштаатон боифтихор сухан мегӯед, вале онҳое кам нестанд, ки аз гузаштаи худ, аз роҳбариашон дар замони шӯравӣ изҳори пушаймонӣ мекунанд…

– Имрӯз аз қуллаи 70 соли умри худ ба поён нигариста, мегӯям, ки аз ягон рӯзи зиндагиам, хизматҳои баанҷомрасонидаам пушаймон нестам. Агар бароям интихоби дубораи масири ҳаёт муяссар мешуд, боз ҳамон шеваи ҳаётии пасисарнамудаамро интихоб мекардам. Дигаргуна зистан наметавонистам, чунки пояҳои тарбияам ба чунин асл созгор буд.

– Ба истилоҳ пӯсту гӯшту устухони шумо дар ҳамон давра шакл гирифтаанд. Шумо дигар хел ҳам гуфтаю буда  наметавонед.

– Дигар хел гуфтан хилофи ақли солим, мантиқ ва виҷдон амал кардан аст. Бале, зинаҳои камолоти ман аз ташкилоти пионерӣ ибтидо гирифта, то мақомоти роҳбарии ҳизб боло рафтааст. Албатта,  мо метавонистем бе кори ҳизбӣ ҳам рӯзгорамонро пеш барем. Билхоса, ки ман касби асосиам – муаллимаро бисёр дӯст медорам. Дар оилаи мо ҳама муаллим буданд. Ҳатто, як мактаб кушода метавонистем: риёзидон доштем, муаллимаи англисӣ, забони русӣ, таърихдон, биолог доштем. Шояд аз меҳру муҳаббате, ки нисбати муаллим дар он замон буд, пешаи муаллимиро интихоб кардем. Бисёр бо ҳавас дар мактаб кор кардам. Моро дар хонадон тарзе тарбия карда буданд, ки дар кадом кору вазифае набошем, муҳаббат ва садоқатро дар ҷойи аввал гузорем.

– Яъне, садоқату муҳаббати шумо ирсист?

–  Шояд. Аз ақли ҳозираам  хулоса мебарорам,  ки ду омил дар ин ҷо нақш доранд: ирсият ва тарбият. Мо аз нигоҳ кардан ба чашми падарам метарсидем. Модарам,  зане бесавод ҳам  бошанд, бисёр  одилу оқила буданд. Сағирапарвар, дар тарбияи фарзандон ниҳоят сахтгир. Муаллима будаму дар хона ба хатое роҳ додам,  модарам бо чӯби аловкобӣ адабам доданд. Ман ҳаққи гашта ба рӯйи он кас нигаристанро надоштам.

– Дар замони шӯравӣ нақши ирсиятро инкор мекарданд…

– Чунин кӯшишҳо буданд. Мақсад  роҳ надодан ба он буд, ки ҷомеа ба ашрофзодагону ғайриашрофзодагон тақсим шавад. Порсол дар рӯзномаи «Тоҷикистон»  қайдҳоеро аз натиҷаи сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур мутолиа карда будам. Як омили рушди он кишвар аз ҷониби Президенти собиқи Сингапур ба эътибор гирифтани нақши ирсият будааст. Ба ҳар касе, ки хоҳ ба иқтисодиёт, хоҳ бо кори роҳбарӣ даст дорад, тавсия медиҳам ки ин гузоришро мутолиа кунад.

– Яке аз омилҳои дигари пешрафти ин кишвар аз ҷониби Ли Куан Ю баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа буд. Аз нигоҳи  шумо, зан дар ҷомеаи мо чӣ нақш дорад?

– Қисмати бештари таркиби аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Ҳаёт талаб мекунад, ки барои тарбияи оилхоҳи фарзанд зан шахси бохабару саводнок бояд бошад. Танҳо фарзандро ба роҳи рост тарбия кардан аллакай  саҳмгузорӣ дар тарбияи ӯст. Занон дар иҷрои вазифаҳои хизматғ бисёр ҳалолкоранд, масъулиятро бештар ҳис мекунанд, дар қиёс бо мардҳо ба маишат дода намешаванд. Агар мард тавонад ғубори дилашро берун аз хона барорад, зан онро наметавонад. Баъди кор ба басти дуюм – кори хона медавад, то рӯзгори фарзандону аҳли оилаашро саранҷом кунад. Занонро аз сарзаниш дида бештар дастгирӣ намудан зарур аст. Вазифаи зан аслан хеле вазнин аст, боз ҳамаи гуноҳҳоро бори зан кардан аз рӯйи адолат нест. Зӯри зан намерасад. Баробари модар бояд падар ҳам хизмат кунад. Фарзанд аз падар чашми тарс надошта бошад, ӯро ба чорчӯбаи одамият даровардан мушкил мегардад. Падар вақт ёфта, ақаллан рӯзи истироҳат аз дасти фарзандонаш гирифта, сайри боғ барад, фарзанд ҳис мекунад, ки падар дорад; аз ӯ ибрат мегирад.

– Агар ба ҳайати  роҳбарони сохторҳои  давлатӣ назар  андозем,   дармеёбем, ки  заноне нақш ба пешрафти ҷомеа доранд, ки  дар замони шӯравӣ  таҳсилдидаю таҷрибаандӯхта  ҳастанд.  Шумораи онҳо ҳам рӯз ба рӯз кам мешавад…

– Бале. Мебояд аз донишу таҷрибаи насли собиқ босамар  истифода бурд. Одамоне, ки то нафаси охирин барои ҷамъият хизмат карданианд, зиёданд, ҳам дар миёни мардону  ҳам занон…

– Мегӯянд, ки зеҳну  интеллекти зани  бомаърифат   ҳатто ҳангоми дар батни модар будан ба кӯдак  таъсир  мерасонад…

– Албатта.  Модар бо кӯдаки батнаш  гап бояд занад, меҳрубонӣ кунад,  ҳатто «алла» гӯяд. Ин равишро  мо қабул намудем, ба келину  духтарҳо маслиҳат медиҳем. Духтарам Сайёра ҳамин усулҳоро истифода мебурд. Лекин ирсият низ омили ҳидояткунанда аст. Ман ин нуктаро, ки зан бояд бофаҳму ботадбир бошад, ҷонибдорам. Оилаҳоеро медонам, ки ба қавле ашрофзодаанду сарватманд, лекин баракати ахлоқи фарзандро надиданд…

– Чаро? Шояд тарбия нодуруст буд?

– Аниқ, ки тарбия нодуруст буд.  Эрка калон намуданд. Кадом падару  модар намехоҳад, ки фарзандаш бомаънӣ ба камол расад?! Нияте ё умеде надошта бошад, ба умед фарзанд калон мекунад, ки дасташро гирад?!

Айби  кӯчаву мактаб низ ҳаст. Гоҳо кӯдак аз боғча  ҳарфи носазоеро ёд гирифта, ба хона меорад, ки дар ҳаётам нашунидаам. Вақте ба мураббӣ шарҳи ҳол мекунам,  мегӯяд, ки кӯдакон миёни худ чунин ҳарфҳоро радду бадал мекунанд. Вазъи ахлоқии кӯча хеле нигаронкунанда аст. Президент қариб дар ҳамаи суханрониҳояшон аз ин боб масъалагузорӣ мекунанд. Дар муқоиса бо солҳои гузашта ҳис мекунам, ки кор дар ин самт маҷрои ҷоннок пайдо кардааст. Чанд соли наздик калонсолон як навъ ҳароси ботинӣ доштанд, ки агар ба рафтори ҷавоне эрод гиранд, гашта гап мегардонад. Ҳозир саҳлакак вазъият дигар шудааст. Аммо дашному ҳақоратҳои кӯча то ҳол маро азият медиҳанд. Инсонвор зистан маънии бо ин зуҳуроти номатлуб муросо накардан ва аз пайи решакан намудани онҳо шуданро тақозо дорад. Чун дар ҳузури ман наврас ё ҷавоне дашному сухани носазо ба забон гирад, ҳатман вокуниши пандомезу ислоҳгар нишон медиҳам. Мегӯям, ки наход ту бо ҳамин қаду қомат чунин  гап гӯйӣ, даҳонатро ҳаром кардӣ! Шоҳидам, натиҷа медиҳад…

– Баъд аз се рӯз ҳафтодро пур мекунед. Агар минбаре мебуд, ки ба ҷавонон, билхоса бонувони ҷавон, муроҷиат мекардед, ба онҳо чӣ мегуфтед?

– Ҳоло ин минбар шумоед, рӯзномаи шумост, ба онҳо мегӯям: Агар соҳибмаълумот набошӣ, талоши гирифтани маълумот кун, дар интихоби ҳамсар эҳтиёт бош, ки сатҳи маърифаташ ба сатҳи маърифати ту мувофиқат кунад. Агар аллакай ҷуфтат дар паҳлуят қарор дошта бошад, бикӯш ӯро соҳибмаълумот кунӣ ва сатҳи маърифаташро ба сатҳи маърифати худ баробар созӣ. Ватанатро дӯст дору фарзандоне тарбия кун, ки вуҷудашон саршори муҳаббат ба Ватан бошад…

– Зодрӯз муборак, Робиа Аллаёровна!

–Ташаккур!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *