Муллоҳои никоҳкунандаи зани дуюмро президент ҷазо медиҳад
Президенти Узбекистон гуфтааст, ҳар муллое, ки маросими акди никоҳи зани дуввумро мехонад, назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Бино ба иттилои расонаҳои узбекӣ, президент ин нуктаро дар вохӯрӣ бо фаъолони динии Узбекистон изҳор доштааст. Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев гуфтааст, вақтҳои охир бисёр ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки зани дуввумро тавассути никоҳи шаръӣ мегиранд: «Вақтҳои охир ҳодисаҳои дузанагӣ бо роҳи никоҳи мусалмонӣ хеле зиёд шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба мушоҳида мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони дувум ба гунаи ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд”,- изҳор доштааст Мирзиёев.
Президенти Узбекистон таъкид кардаст, лоиҳаи қонунеро таҳия хоҳад кард, ки барои имомоне, ки бе шаҳодатномаи расмӣ никоҳ мекунанд, ҷазо пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ