Маҳбусони тоҷик аз Чин бармегарданд

Рӯзи 19 июли соли равон шартномаи табдили афроди маҳкумшуда дар қаламрави Чину Тоҷикистон ҳукми иҷро мегирад. Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин самт — имзои протоколҳои дахлдори миёни сафири Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷаи Чин буд, ки созишномаи се сол пеш имзошударо ниҳоӣ мекунад.

Рӯзи 19 июн дар Душанбе протоколи дахлдор дар заминаи тасдиқи Шартномаи миёни Тоҷикистону Чини дар соли 2014 имзошуда баргузор шуд, ки ба мубодилаи афроди маҳкумшуда ба қаламрави ҳамдигар марбут мебошад. Ин созишнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, вале ҳукми иҷро нагирифта буд. Ин санадро рӯзи 19 июн сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин имзо карданд.

Тибқи муқаррароти моддаи 20-и шартномаи мазкур, ин санад як моҳ баъд, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо мекунад. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин, ки дар хоки ҳамдигар барои содир кардани ҷиноят маҳкум шудаанд, метавонанд барои иҷрои ҳукм ба ватани худ интиқол ёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *