Дастгиршавии марде,ки ба мусулмонон ҳамла кард

Марде, ки дар пахш кардани одамон дар минтақаи боғи Финсберии Лондон гумонбар дониста мешавад, бо гумони терроризм, куштор ва сӯиқасд ба куштор ба ҳабс гирифта шуд.
Мақомоти қудратӣ вазъи ҳамлаеро, ки шаби якшанбе ба душанбе сурат гирифт, меомӯзанд. Мошини борбар дар наздикии масҷид одамони пиёдагардро пахш кард, ки дар натиҷа як нафар кушта шуд ва 10 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Марди 47-сола, ки пушти фармони мошин менишаст, аз сӯи сокинони маҳаллӣ боздошт ва ба пулис супорида шуд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ҷаласаи фаврӣ ташкил карда, ҳодисаи мазкурро «ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонон» номид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *