Таркиши нуқтаи сӯзишворӣ 2 куштаву 8 захмӣ баҷо гузошт

Тахминан соати 17:10-и вақти маҳаллии рӯзи 19 июн дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон таркиш рух дод.
Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад, то соати 20:00 аз ин таркиш ду нафар ҳалок шуданд, ки якеи онҳо ноболиғ аст. Дар ҳамин ҳол, ҳашт тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд. Вазъи бистаришудаҳо сангин арзёбӣ мешавад.

Бино бар иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, дар таркиш чанд мошин ва 500 зарфи газ сӯхтааст. Сабабҳои таркиш то кунун дақиқ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *