Дар сари обему 156-ум дар ҷаҳон

Avesta.Tj такя ба баҳогузории СММ намуда, мақоми Тоҷикистонро дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо об 156-ум дар сатҳи ҷаҳон муайян кардааст.

Тоҷикистон ба ин мақом дар байни 177 кишвари ҷаҳон ҷой дорад. Аҷиб аст, ки аҳолии Тоҷикистон «дар сари об зиста», дар масъалаи рушди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ аз ҷониби СММ ҷойи 156-умро гирифтааст. Кишварамон ҳатто дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва ИДМ бо дастрасии 57,5 % ба оби ошомиданӣ ҷойи охиринро сазовор шудааст. Дар байни кишварҳои пасошӯравӣ фақат аҳолии Эстония, Латвия, Литва ва байни мамоики ИДМ – Беларус 100% бо оби ошомиданӣ таъмин будаанд. Федератсияи Русия 97-98% аҳолиашро таъмин кардааст.

Аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ тахминан 75-76% об мегиранд. Қазоқистон зиёда аз 86%, Ӯзбекистан-82, Қирғизистон-77, Туркманистан – беш аз 72 ва  Тоҷикистон — 57,5%  (соли 2005  беҳтар буд — 59%) бо об таъмин мебошанд. Қисмати боқимондаи аҳолии Осиёи Марказӣ аз манбаъҳои оби бадсифат, аз ҷумла чашмаҳо ва обанборҳои болокушода истифода мебарад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *