“Мулло-табиб”-и ҷинбарор боздошт шуд

Прокуратураи вилояти Суғд  нисбат Абдувалӣ Набиев, соли таваллудаш 1955  барои ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида содир шудааст парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Бино ба иттилои расмии прокуратураи генералии Тоҷикистон, А.Набиев таҳсилоти динӣ ва тиббӣ надорад. Аммо ӯ худро дар байни мардум ҳамчун “мулло” ва “табиб” муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ш.Хуҷанд, корафтодагон, аз ҷумла занонро қабул намуда, бо роҳи дуохонӣ, маҳси бадан, “таштобнависӣ” ва дигар роҳҳо гӯё онҳоро табобат ва ҷинҳоро аз баданашон дур мекардааст.

Санаи 5 октябр М ном шаҳрванд (бинобар сабаби нигоҳ доштани шаъну шарафи ӯ шахсияташ ошкор карда намешавад),   ба ӯ барои табобати дарди сар  муроҷиат намудааст. Набиев А. ӯро дуохонӣ намуда, барои ин амалаш 50 сомонӣ гирифта, бо мақсади бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии номбурда қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ ӯро бовар кунондааст, ки ҷин дорад ва таклиф намудааст, ки “ҷинбарорӣ” кунад.

Ҳоло нисбати ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дошта ба ӯ 3 то 7 соли зиндон таҳдид менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *