Аз таҳти дил бихандед!
Қошуқча
Ду рафиқ дар қаҳвахона нишастаанд.
– Ман пай бурдам, ки ҳар одам як рафтори ғайриоддӣ дорад,- мегӯяд якеаш.
– Ман ягон рафтори ғалатӣ надорам,- мегӯяд дуюмӣ.
– Албатта, ту ҳам чунин рафтор дорӣ,- исрор мекунад рафиқаш.
– Чӣ гуна рафтори ғалатӣ будааст?,- ҳайрон мешавад дуюмӣ.
– Тавре пай бурдам, ту чойро бо дасти ростат омезиш медиҳӣ.
– Хайр чӣ?
– Аксари одамон барои ин кор қошуқчаро истифода мебаранд,- мегӯяд рафиқаш.
Пул ва саломатӣ
Бемор аз табиб мепурсад:
– Духтур, рост аст, ки саломатиро бо пули калон ҳам харида намешавад?
Духтур дар ҷавоб:
– Ин гапи аблаҳонаро ба шумо кӣ гуфт?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ