Муллои бенамоз ва айёри мумтоз
Сокини ноҳияи Кӯшониён Нусратулло Давронов, маъруф ба «Мулло Нусрат”-ро, ки ҳамчун ҷинбарор ва бахткушову ҷодугар машҳур буд, бо иттиҳоми мардумфиребӣ ва фосиқӣ дастгир кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Нусратулло Давронов, як сокини 46-солаи ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) бо иттиҳоми мардумфиребӣ ва фосиқиву амалҳои шаҳвонӣ хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, Давронов, ки бо номи «Мулло Нусрат» маъруф буд ва қаблан ҳам суд шудааст, худро дар чашми мардуми соддаву хурофотпараст муллои дуохону ҷинбарор муаррифӣ карда, аз муштариёнаш пул меситонд.
Бино ба гузориши вазорати дохила, «Мулло Нусрат»ро маъмурони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бар асоси шикояти занони корафтода ва бо иттиҳоми бадахлоқии шаҳвонӣ нисбат ба занони корафтода дастгир кардаанд: «Нусратулло Давронов, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо роҳи макру фиреб, сеҳру ҷоду, дуохониву ҷинбарорӣ ва бахткушоӣ нафарони зиёдеро, ки ба вай эҳтирому эътиқод доштанд, ба доми худ кашидааст. Ӯ бо инсонҳои солеҳ рафтуомад надорад ва аз дини мубини Ислом ҳам бархӯрдор нест.”
Худи «Мулло Нусрат» дар гузориши ВКД эътироф мекунад, ки ягон навъ таҳсилоти динӣ надорад, балки бо амри … ҷинҳояш амал мекунад: «Ман аз соли 2003 ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду вобастаам. Таълимоти динӣ надорам, омӯзиш гирифтагӣ нестам. Касал шудагиам, ҷин дорам. 12-то париву ҷин дорам.”
Нусратулло Давронов 6 маротиба издивоҷ карда ва аз ҳамаи ҳамсаронаш ҷудо шудааст. Ӯ мегӯяд: «Аз сабабе ҷудо шудем, ки ҷинҳоям маро намемонанд.”
Гузаштаи ин муллои ҷодугар низ хеле рангоранг будааст. «Мулло Нусрат» қаблан 4 маротиба суд шудааст, вале бо моддаҳое, ки аз шуниданаш мӯи сари сих мешавад: 138 – таҷовуз ба номус, 244 – дуздӣ, 147 – вайрон намудани дахлнопазирии манзил, ки низ ҳамон дуздист. Танҳо як ҷинояти ӯ дар ин миён сабуктар менамояд, ки барои дузанагӣ бар асоси моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон будааст.
Вазорати дохила мегӯяд, ҳатто 4 ҳукми суд ҳам натавонист ин мардро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад ва «Мулло Нусрат” ба ҷои сабақ гирифтан баракс боз ба мардумфиребӣ идома дод.
«Мулло Нусрат» дар гузориши ВКД иқрор мекунад, ки на ягон бор намоз хондааст ва на боре саҷда ба Худован кардааст: «Ман ягон бор намоз нахондаам ва Худоро саҷда кардагӣ нестам. Ҳамон шайтонанд, ҷинанд, чианд, бо ҳамонҳо сарукор дорам.”
Ҳоло прокуратураи вилояти Хатлон ба зидди «Мулло Нусрат” бар асоси моддаи 142-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқӣ нисбат ба зани ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ