Олим Бобоев шастсола мешуд, агар…

Фалак фарзонагонро куштанат чист?

Ҳама якдонагонро куштанат чист?

Ту худ девона карди оқилонро,

Пас он девонагонро куштанат чист?

Ин шоҳбайтҳо ба қалами шоири зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ тааллуқ дошта, онро Олим Бобоев сарояндае, ки истеъдоду овози худодадро соҳиб буд, зебову ҷаззоб сароидааст. Агар умр вафояш мекард, Олим Бобоев (Олими Искандарӣ) имрӯз ба синни 60 мерасид…

Олим Бобоев (Олими Искандарӣ) 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент дар оилаи ҳунарманд Искандар Бобоев, ки бо тахаллуси Искандари Танбӯрӣ машҳур буд, ба дунё омадааст. Падари Олим, Искандар Бобоев низ яке аз сарояндагон ва устоди машҳури Шашмақом буд, ки сабки хоси шашмақомсароӣдошт.

Олим Бобоев соли 1975 мактаби миёнаи №3 – ро бомувафакият хатм намуда ба донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад.

Дар донишкада зери роҳбарии устодони мусиқӣ Барно Исҳоқова, Нерё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон дониши хешро пурратар менамояд. Ҳамчунин Олим Бобоев дар назди ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аҳмад Бобоқулов аз рӯи ихтисоси яккахонӣ дарс гирифтааст.

Пас аз хатми донишкада, бо роҳхат ба филармонияи давлатии Тоҷикиситон дар гурӯҳи фолклори этнографии «Ганҷина» ба фаъолият шурӯъ менамояд. То моҳи августи соли 1989 дар ин боргоҳи ҳунар кор ва эҷодиёти худро сайқал дода, ба дараҷаи овозхони касбии олӣ ноил гаштааст. Ҳамчунин Олим Бобоев чандин муддат дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуда буд.

Олим Бобоев ҳам дар замони мактабхонӣ ва ҳам дар замони донишҷӯи дар озмунҳои мактабиву берун аз он ширкат варзида, бо ҳунару истеъдоди нотакрораш, борҳо устодонро дар ҳайрат гузоштааст.

Соли 1982 дар озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон» ширкат намуда, бо дипломи дараҷаи аввал сарфароз гардида буд.

Олим Бобоев дар чандин фестивалу озмунхои хориҷи низ иштирок намуда Тоҷикистонро дар ҷодаи фарҳанг дар сатиҳи ҷаҳони муаррифӣ намудааст. Дорандаи унвони «Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ», «Аълочии фарҳанг», гирандаи ҷоизаи фестивали «Зарбҳои шарқи Австрия 1988», Таронаҳои халқҳои ҷаҳон — Тунис 1991, фестивали мусиқии шарқ Фаронса 1999, дорандаи ҷоизаи байналмилалии Таронаҳои шарқ Ӯзбакистон 1998, Иштирокчии ЭКСПО Олмон 2000 ва ғайраҳо мебошад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд: 3 духтар: Адиба, Зайнура, Шамима ва 2 писар Нусратулло ва Искандаршоҳ. Ҳамсараш Зарина Шоева корманди беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент мебошад.

 

Олим Бобоевро дар Панҷакент чун як инсони боғуруру гарданшах мешиносанд. Ӯ нафаре буд, ки рӯирост ва беистиҳола дар ҳама ҳолат аз камбудиҳову нуқсонҳо сухан мекард. Чизе барояш маъқул набошад иҷро намекард. Ба гуфти худ ва хости дилаш амал менамуд. Ин буд, ки дар солҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, тарки пойтахт намуду ба зодгоҳи хеш шаҳри Панҷакент омад. Баъдтар ӯро аввалҳои соли 2000-ум боз ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба пойтахт ба кор даъват намуданд. Вале пас аз чанд сол, боз Олим Бобоев ба Панҷакент баргашт ва баъди чанд соли «сукут», соли 2006 консерти нави хешро баргузор ва барои ҳаводоронаш чанд суруду мусиқии нав омода намуд, ки ин консерт шӯру валвалаеро ба бор овард ва мухлисонашро хеле хурсанд сохт. Худи ҳамон сол маҳз бо роҳбарии Олим Бобоев дастаи ҳаваскорони шаҳри Панҷакент дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» соҳиби ҷоизаи Гран прӣ гардида буд.

Олим Бобоев дар солҳои охири зиндагиаш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид, табобати чандинсолааш ба ӯ дармон нашуд ва санаи 8-уми феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе аз ин маризӣ дар синни 54 олами фониро падруд гуфт.

Даргузашти Олим Бобевро ҳунармандону мусиқишиносон як талафоти бузург барои санъати тоҷик медонанд. Овозаи овози нотакор доштани Олим ҳатто берун аз Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Олим Бобевро барои кору зиндагӣ дар вақташ ҳатто ба давлати Ӯзбекистон даъват намуда буданд. Вале ӯ ин даъватро напазирифт.

Фурқат Саид, овозхони тоҷик дар як мусоҳибааш бо Би-Би-Си чунин гуфта буд:

Агар Олимро яке аз беҳтарин иҷрокунандагони мусиқии «Шашмақом» дар авохири қарни 20 ва авоили қарни 21 бигӯем, хато намекунем. То ба ҳол овози мардонае дар мусиқии мақом дар Тоҷикистон ба саҳна наомадааст.

Ватани худашро, мардуми худашро, хеле дӯст медошт ва аз тоҷик буданаш ифтихор дошт ва ҳамеша оҳангҳои «Шашмақом»-ро тоҷикона мехонд, нолаҳои мусиқии мақомро тоҷикона иҷро мекард.

Чанд соле қабл дар шаҳри Исфара як ҷашнвораи мусиқии суннатӣ баргузор шуд ва аз Ӯзбакистон Раҳматҷон Қурбонови Хоразмӣ, яке аз беҳтарин иҷрокунандагони мусиқии мақом, ҳангоми иҷрои оҳанги мақом яке аз баландтарин парда, пардаи «Ре»-ро гирифт ва толор ба по истода ба ин овозхони узбакистонӣ каф мекӯфтанд.

Муҷрии ин барнома гуфт: «Куҷо ҳоло он овозхони боҳунаре, ки дар баробари ин овозхони беҳамто овоз бихонад ва обрӯи моро бихарад?»

Дар ҳамин миён, Олим Бобоев, ки дар барномаи ин озмун низ номнавис нашуда буд ва бо либоси маъмулии худ ба саҳна рафт ва оҳангеро иҷро кард ва дар авҷи ин тарона пардаи «Ми»-ро гирифт, ки аз пардаи «Ре» баландтар аст.

Пас аз овозхонӣ Олим ба мардуми дар толор нишаста рӯ оварда ва бо табассум гуфт: «Ман номи Тоҷикистонро харидам.»

Раҳматҷон Қурбонов бо ҳайрат ба ӯ менигарист. Баъдан Раҳматҷон дасти Олимро гирифт ва ӯро таҳният кард, ки беандоза овози боқуввате дорад.

Оҳанги «Зулфи парешон»-и Нериё Аминовро дар пояи Олим Бобоев то ҳанӯз касе иҷро накардааст.

Ман бовар дорам, ки дар фарҳанги мусиқии тоҷик номи Олим Бобоев сабт хоҳад шуд.»

Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, дар сӯҳбат гуфт, ман худ мухлиси ашадии Олим Бобоев ҳастам ва тасмим гирифтаем, ки 60-солагии ин овозхони шинохтаро пас аз ҷашни Наврӯз доир кунем.

Хуршед Фозилов

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *