Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловск
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, имрӯз беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.
«Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд», — изҳор доштааст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин, ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намудаанд.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон атрофи мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон суҳбат кардааст .
Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ