Донишҷӯи тоҷик роҳхат ба озмуни байналмилалӣ гирифт

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ соҳиби ҷойи аввал ва роҳхат ба озмуни байналмилалӣ гирифт.

Аз  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуроҷ иттилоъ доданд, ки озмун тариқи онлайн гузаронида шуд. Дар он шунавандагони 7 маркази Алянс Франсэз аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбeкистон иштирок намуданд.

“Донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Суруш Раҷабов дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ӯ  барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ роҳхат гирифт”, -иттилоъ дод манбаъ.

Озмуни мазкур ба мавзуи дониши фарҳанг ва таърихи Фаронса бахшида шуда буд.

Ин озмун аз тарафи Фонди Алянс Франсэз дар Париж ташкил шуда, 3 ғолиби сатҳи байналмилалӣ барои такмили дониш тобистони оянда ба Фаронса сафар менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *