Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад доир шуд.

4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ин мулоқот, ки 4-уми декабр сурат гирифт, ҷонибҳо масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушдро баррасӣ кардаанд.

“Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд”, -иттилоъ додааст маркази матбуоти Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли “неруи сабз” барои пешбурди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои фаровон мавҷуд аст.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *