Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе

Имрўз, 5 декабр, соати 10:00 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои дароз ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақола оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *