Мулоқоти Мануэл Микаллер бо Хуршед Файзуллозода
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер бо директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Файзуллозода мулоқот кард.
Ҷонибҳо дар бораи лоиҳаҳои эҳтимолии муштарак дар бахшҳои инноватсияҳои рақамӣ, тандурустии электронӣ, тиҷорати электронӣ ва ҳукумати электронӣ суҳбат намудаанд.
“Иёлоти Муттаҳида хушнуд аст, ки шарикии худро бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳким мебахшад ва роҳи ояндаи дурахшонтар ва бо ҳам пайвастатарро боз мекунад”,-дар иттилои расмии Сафорати Амрико дар Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ