Мулоқоти нахустини Эмомалӣ Раҳмон бо дабири нави СААД
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов вохӯрд.
Ин мулоқот 13 –уми март дар Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо масоили сиёсату амният ва фаъолияти байналмилалии СААД –ро баррасӣ намудаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, “аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ “дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодӣ” таъкид кардааст. ҷонибҳо ба вазъи Афғонистон низ таваҷҷуҳ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дабири нави СААД Имангалӣ Тасмагамбетов мебошад. Номбурда аз моҳи январи соли равон ҳамчун дабири кулли СААД ба фаъолият шуруъ кард. Ӯ 66 сол дошта, зодаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Дорои унвони доктори илмҳои сиёсӣ аст. Фаъолияти сиёсиро дар Дастгоҳи Президенти Қазоқистон оғоз намудааст. Аз ҷумла, ёвари Президент, муовини Сарвазир, Сарвазир, роҳбари Дастгоҳи Президент ва давоми ду соли охири то ба синни нафақа расидан Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Русия будааст.
СААД бо ҳадафи таъмини амнияти дастаҷамъӣ таъсис ёфта, ҳоло Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияро фаро мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ